11:40 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Акс

SputnikPro дар Тоҷикистон: дизайни муосир ва матнҳои ҷолиб - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0
  • Рӯзҳои 6 ва 7 феврал дар толори Академияи МегаФон  дар шаҳри  Душанбе лоиҳаи байналмилалии  омӯзишии SputnikPro барои рӯзноманигорони тоҷик баргузор гардид
  • Лоиҳаи таълимии дурӯза бо ибтикори хабаргузории байналмилалии Sputnik дар ҳамдастӣ бо сафорати Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд
  • Дар рафти кушодашавии лоиҳаи мазкур, сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Люкин - Фролов иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар кори кушодашавӣии ин лоиҳаи таълимӣ муовини сардабири хабаргузории Россия сегодня Наталя Лосева иштирок намуд
  • Мо вазифадорем, то навовариҳоеро, ки мо аз худ кардаем ва технологияе, ки мо дорем, бо ҳамкасбонам ҳам дар Русия ва ҳам берун аз он мубодила намоем, - афзудаст Лосева
  • Дар рӯзи аввали лоиҳаи таълимӣ се мавзӯи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки инҳо : тамоюлҳои ВАО, рушди VR ва AR ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба бахши журналистикаи варзишӣ мебошад
  • Ҳамаи иштирокчиён  масоили мавриди баррасиро хуб қабул карданд
  • Ҳар як мавзӯъ мавриди баҳси ҳозирин қарор гирифт, ки ин аз муҳим ва рӯзмарра будани мавзӯъҳо дарак медиҳад
  • Рӯзи нахуст, Наталя Лосева муовини сардабири Россия сегодня ва Екатерина Петухова, роҳбари бахши ҷомеаи вебсайти RIA.ru ба хабарнигорони тоҷик дарс гуфтанд
  • Дар ин чорабинӣ ба ҷузъ аз шунавандагони бузургсол, инчунин кӯдакон низ иштирок доштанд.
Яке аз шунавандаҳо ду фарзанди  худро низ ба ин чорабинӣ овардаст, ки ҳамчун блогер сафҳаи худро доранд
  • Дар рӯзи дуюм,  сухангӯён Василий Конов - мушовири кулли Россия сегодня, Песня В.В - аксбардори ботаҷриба ва барандаи ҷоизаи World Press Photo, ба иштирокдорон дар бораи тарроҳии касбии сомона барои хабарҳо ва ҷойгирсозии маводро дар пойгоҳҳои гуногун хоҳанд гуфт
  • SputnikPro -ин маҷмӯи омӯзишҳои беназир, барномаҳои ҷолиб аз ҷониби беҳтарин роҳбарони ВАО-и Русия ва хориҷӣ, коршиносон ва мутахассисони пешбари оҷонсӣ барои рӯзноманигорон, котибони матбуотӣ, блогерҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоии соҳа мебошад
  • Лоиҳаи таълимии SputnikPro аллакай дар 22 кишвари ҷаҳон, аз Арманистон то Юнону Чин доир гашта, дар он шуруъ аз моҳи марти 2018 то ин ҷониб 3000 нафар аз 80 кишвар иштирок кардаанд
© Sputnik / Амир Исаев
Рӯзҳои 6 ва 7 феврал дар толори "Академияи МегаФон" дар шаҳри Душанбе лоиҳаи байналмилалии омӯзишии SputnikPro барои рӯзноманигорони тоҷик баргузор гардид

Лоиҳаи байналмилалии омӯзишӣ - SputnikPro, ки бо ибтикори хабаргузории байналмилалии Sputnik идома дорад, дар Тоҷикистон баргузор шуд

Ин лоиҳаи омӯзишӣ 6 ва 7 - уми феврали соли ҷорӣ дар толори "Академияи Мегафон" барои доираи муайяни рузноманигорони тоҷик баргузор гардид.

Лоиҳаи байналмилалии омӯзишии SputnikPro бо ибтикори хабаргузории байналмилалии Sputnik дар ҳамдастӣ бо сафорати Русия дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон, сафири фавқулодаи Русия дар ин кишвар Игор Лякин - Фролов иштирок ва суханронӣ намуд.

Рӯзи аввали лоиҳаи таълимӣ се мавзӯи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки инҳо : тамоюлҳои ВАО, рушди VR ва AR ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба бахши журналистикаи варзишӣ мебошад.

Наталя Лосева муовини сардабири "Россия сегодня" ва Екатерина Петухова, роҳбари бахши ҷомеаи вебсайти RIA.ru дар нахустин рӯзи лоиҳаи таълимӣ ба хабарнигорони тоҷик дарс гуфтанд.

Лавров дар бораи Sputnik Эстония: ин боз як доғи дигар ба обрӯи Иттиҳоди Аврупост

Дар рӯзи дуюм, сухангӯён Василий Конов - мушовири кулли "Россия сегодня", Песня В.В - аксбардори ботаҷриба ва барандаи ҷоизаи World Press Photo, ба иштирокдорон дар бораи тарроҳии касбии сомона барои хабарҳо ва ҷойгирсозии маводро дар пойгоҳҳои гуногун омӯзонданд.

SputnikPro - ин маҷмӯи омӯзишҳои беназир, барномаҳои ҷолиб аз ҷониби беҳтарин роҳбарони ВАО-и Русия ва хориҷӣ, коршиносон ва мутахассисони пешбари оҷонсӣ барои рӯзноманигорон, котибони матбуотӣ, блогерҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоии соҳа мебошад.

Лоиҳаи таълимии SputnikPro аллакай дар 22 кишвари ҷаҳон, аз Арманистон то Юнону Чин доир гашта, дар он шуруъ аз моҳи марти 2018 то ин ҷониб 3000 нафар аз 80 кишвар иштирок кардаанд.

Барчаспҳо:
акс, лоиҳа, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ