Воҳимаи мардуми тоҷик ҷаҳониёнро сироят кард: аксҳо аз мағозаҳои холимондаи аксар кишварҳо

Обуна шудан
Воҳимаи камчинии маводи ғизоӣ пас аз хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ки тоҷикистониёнро фаро гирифта буд ва дӯкону мағозаҳои ҷумҳуриро аз орду равған покиза намуданд, акнун сокинони аксар кишварҳои ҷаҳонро сироят кардааст

Сокинони ба ваҳм афтодаи аксар кишварҳои ҷаҳон бозори фурӯши озӯқавориро гарм намуда истодаанд. Мардуми ба воҳима афтода, саргарми дурӯғгӯиҳои ҳамдигар шуда, рафҳои мағозаҳоро комилан аз маводи хӯрока тоза намудаанд. 

Большая толпа вокруг Каабы у Мечети аль-Харам в священном городе Мекка, Саудовская Аравия, до коронавируса 14 февраля 2020 года и то же место во время коронавируса 3 марта 2020 года - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ тавр коронавирус ҷаҳонро тағйир медиҳад: вазъ аз кайҳон - акс

Ҳарчанд ҳукуматдорон аз басандагӣ будани захираи хӯрокворӣ барои чанд сол бонг мезананд, вале сокинон танҳо ба гапҳои ҳамдигар гӯш дода, саргарми харид ва захира кардани хӯрокворӣ ҳастанд.

Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Айнан чанд ҳафта қабл дар бозорҳои Тоҷикистон низ ҳамин вазъият мушоҳида мешуд. Мардум қурбони сару садоҳои беасос бобати камчин шудани маводи ғизоӣ шуда, ба якборагӣ 4 -5 ё аз ин ҳам бештар халтаи орд ва равғанро харидорӣ мекарданд. 

Зимнан, бо баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақомоти қудратӣ, дар бозорҳои Тоҷикистон  ба ин ҳаводис нуқта гузошта шуд. Ҳамзамон мақомоти дахлдор гуфта буданд, ки воҳимаандозони ин вазъро дастгир мекунанд ва ҷазои сахт ҳам медиҳанд.

Вазъи мағозаҳои бузурги шаҳрҳои Лондон, Италия, Испания ва чанд кишвари дигарро аз тасвирбаёни мо мушоҳида кунед.

© REUTERS \ Vincent WestХаридоре дар мағозаи Испания. Рафҳои мағазин холӣ монданд
Мужчина у пустых прилавков в супермаркете, Испания - Sputnik Тоҷикистон
1/9
Харидоре дар мағозаи Испания. Рафҳои мағазин холӣ монданд
© AP / Michel EulerВазъият дар Порис низ нигаронкунанда аст. Мағозаҳои ин шаҳр низ қариб холӣ мондаанд
Женщина у пустого прилавка в супермаркете в Париже - Sputnik Тоҷикистон
2/9
Вазъият дар Порис низ нигаронкунанда аст. Мағозаҳои ин шаҳр низ қариб холӣ мондаанд
© REUTERS \ Yves HermanАйнан ҳамин вазъият дар Белгия низ аст. Харидорони аз коронавирус дар ваҳм афтода аз пайи хариди маводи ғизоӣ мебошанд
Покупатели у пустых прилавков в супермаркете в Бельгии - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Айнан ҳамин вазъият дар Белгия низ аст. Харидорони аз коронавирус дар ваҳм афтода аз пайи хариди маводи ғизоӣ мебошанд
© REUTERS \ Nikolaj SkydsgaardРафҳои мағозаҳои Дания низ қариб холӣ мондаанд
Пустые прилавки в супермаркете в Копенгагене, Дания  - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Рафҳои мағозаҳои Дания низ қариб холӣ мондаанд
© REUTERS \ Dylan MartinezСокинони Лондон низ дӯконҳои хӯроквориро орӣ намуданд
Пустые полки в продуктовом магазине в Лондоне - Sputnik Тоҷикистон
5/9
Сокинони Лондон низ дӯконҳои хӯроквориро орӣ намуданд
© REUTERS \ Flavio Lo ScalzoДар Италия, ки вазъият дар робита ба маризии коронавирус бисёр нигаронкунанда аст, мағозаҳо қариб бе маводи озӯқаворӣ мондаанд
Пустой прилавок в супермаркете в Пьольтелло, Италия - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Дар Италия, ки вазъият дар робита ба маризии коронавирус бисёр нигаронкунанда аст, мағозаҳо қариб бе маводи озӯқаворӣ мондаанд
© REUTERS \ @staticjay_niВазъ дар Ирландия ба фарқ аз дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо сокинони ин ҷо низ дар изтиробанд ва аз пайи хариди хӯрокворӣ қарор доранд
Пустой прилавок в супермаркете в Лурган, Ирландия - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Вазъ дар Ирландия ба фарқ аз дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо сокинони ин ҷо низ дар изтиробанд ва аз пайи хариди хӯрокворӣ қарор доранд
© REUTERS \ Constantina PeppaХаридори ниқобпӯш дар мағозаи калони хӯрокворӣ дар Афина
Женщина в маске у пустого прилавка в супермаркете в Афинах, Греция - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Харидори ниқобпӯш дар мағозаи калони хӯрокворӣ дар Афина
© REUTERS \ Piroschka van de WouwСокинони Нидерландия низ ваҳмзада ҳастанд ва рафҳои мағозаҳо дар ин ҷо қариб орӣ аз хӯрокворӣ мебошанд
Покупатели в продуктовом магазине в Нидерландах - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Сокинони Нидерландия низ ваҳмзада ҳастанд ва рафҳои мағозаҳо дар ин ҷо қариб орӣ аз хӯрокворӣ мебошанд
Лентаи хабарҳо
0