07:22 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Акс

Аспу мошинҳои қимат: бузкашӣ дар наздикии шаҳри Душанбе

Гирифтани линки кӯтоҳ
445 0 0
  • Барои тамошои мусобиқи Бузкашӣ беш аз се ҳазор тамошобин аз тамоми гушшаву канори Тоҷикистон омада буданд
  • Бузкашӣ – ба як қисми таҷлили ҷашни Наврӯз табдил ёфтааст
  • Одатан барои тамошои ин мусобиқа ҳазорҳо нафар ҷамъ меоянд
  • Бузкашии навбатӣ имсол дар деҳаи Чавалай наздикии шаҳри Душанбе баргузор гардид
  • Дар ин мусобиқа беш аз 100 човандоз барои ба даст овардани ҷоизаҳо ба монанди мошин, қолин, асп, телевизор ва ҳатто уштур рақобат карданд
  • Тақрибан ҳар сол ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Ҳисор мусобиқаи бузкашӣ доир мегардад, ки дар он човандозони тамоми минтақаҳои кишвар иштирок мекунанд
  • Бузкшӣ дар Чавалай
  • Бузкашӣ - мусобиқаи бузкашӣ дар миёни мардуми тоҷик хеле маъмул аст.
  • Аслан ин маросимро бо омадани ҷашни Наврӯз, яъне дар фасли баҳор бештар амалӣ месозанд.
  • Рӯзи бозӣ дар як майдони васеъ гурӯҳи иштирокчиѐни мусобиқа (човандозон) ҷамъ меоянд.
  • Ҳар касе, ки ҷасади бузро ба марра мерасонад, ғолиб дониста мешавад.
  • Бузкашӣ дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисори Тоҷикистон ва Афғонистону Узбекистон фаъол аст
  • Тарзу усул ва қоидаҳои бузкашӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел мебошад
  • То оғози бузкашӣ савораҳо дар ҷойи муайян ҷамъ меоянд.
  • Баъд довар бузи (ё гӯсолаи) сарбуридаро дар нуқтаи муайяне (одатан дар чуқурӣ) ба замин мепартояд
  • Дар Бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворе зӯран гирифта ба марра (тақр. 300 – 500м) бурда расонад
  • Ҳангоми бузкашӣ бо чилбур ё ресмон бастани пойи буз ба қоши зини асп манъ аст
  • Дар ин мусобиқа беш аз 100 човандоз барои ба даст овардани ҷоизаҳо ба монанди мошин, қолин, асп, телевизор ва ҳатто уштур рақобат карданд
© Sputnik / Амир Исаев
Барои тамошои мусобиқи Бузкашӣ беш аз се ҳазор тамошобин аз тамоми гушшаву канори Тоҷикистон омада буданд

Дар Тоҷикистон бо шукуҳу ҳашамат Иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Бахшида ба ин рӯз дар Тоҷикистон барномаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мешавад. Бузкашӣ миёни мусобиқаҳои наврӯзӣ ҳамто надорад

Бузкашӣ – ин қасми Наврӯз аст. Одатан барои тамошои ин мусобиқа ҳазорҳо нафар ҷамъ меоянд. Ин мусобиқа мисли анъана берун аз шаҳр дар талу теппаҳои кӯҳистон баргузор мегардад. Бузкашии навбатӣ имсол дар деҳаи Чавалай наздикии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Барои тамошои мусобиқи Бузкашӣ беш аз се ҳазор тамошобин аз тамоми гушшаву канори Тоҷикистон омада буданд. Дар ин мусобиқа беш аз 100 човандоз барои ба даст овардани ҷоизаҳо ба монанди мошин, қолин, асп, телевизор ва ҳатто уштур рақобат карданд.  

Бояд қайд кард, ки тақрибан ҳар сол ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Ҳисор, мусобиқаи бузкашӣ баргузор мегардад, ки дар он човандозони тамоми минтақаҳои кишвар иштирок менамоянд.

Дар мусобиқаи бузкашӣ човандозон барои аз дасти ҳариф гирифтану ба ҷойи таъиншуда расондани бузи сарбурида рақобат мекунанд ва нафаре пирӯз мешавад, ки аз миёни издиҳоми бузурги човандозон бузро бигирад ва онро ба марра бирасонад. 

Бузкашӣ - мусобиқаи бузкашӣ дар миёни мардуми тоҷик хеле маъмул аст.

 

Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал
© Sputnik
Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал

Аслан ин маросимро бо омадани ҷашни Наврӯз, яъне дар фасли баҳор бештар амалӣ месозанд.

 

Ин анъана аз тарафи ҳукумати маҳаллӣ ё баъзе шахсҳои алоҳидаи сарватманд низ дар тӯйҳояшон созмон дода мешавад. Як рӯз пеш бузеро сар мезананд ва дар об тар карда мегузоранд.

Рӯзи бозӣ дар як майдони васеъ гурӯҳи иштирокчиѐни мусобиқа (човандозон) ҷамъ меоянд. Ҳар касе, ки ҷасади бузро ба марра мерасонад, ғолиб дониста мешавад. Дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисори Тоҷикистон ва Афғонистону Узбекистон фаъол аст.

Тарзу усул ва қоидаҳои бузкашӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел мебошад.

 

 

 

 

Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал
© Sputnik
Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал

То оғози бузкашӣ савораҳо дар ҷойи муайян ҷамъ меоянд. Баъд довар бузи (ё гӯсолаи) сарбуридаро дар нуқтаи муайяне (одатан дар чуқурӣ) ба замин мепартояд. Ин дам анбӯҳи саворон (аз 30 то 150 ва бештар савор) ба гирифтани буз мешитобанд ва бузкашӣ сар мешавад.

 

Дар Бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворе зӯран гирифта ба марра (тақр. 300 – 500м) бурда расонад.

Ҳангоми бузкашӣ бо чилбур ё ресмон бастани пойи буз ба қоши зини асп манъ аст.

Барчаспҳо:
варзиш, Наврӯз, Наврӯз, бузкашӣ, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ