03:32 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Акс

Баҳори зебои Душанбе бе коронавирус: гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
458 0 0
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
  • Баҳори шаҳри Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Душанбе шаҳри ҷавон аст, вале бо омади баҳор ва шукуфтани гулҳои рангоранг шаҳри дилкашеро мемонад.

Баҳори Тоҷикистон замони бедоршавии табиат аст, замоне, ки офтоб бо нурҳояш атроф ва дилҳои мардумро гарм мекунад

Душанбе шаҳри ҷавон аст, вале бо омади баҳор ва шукуфтани гулҳои рангоранг шаҳри дилкашеро мемонад.

Баҳори Тоҷикистон замони бедоршавии табиат аст, замоне, ки офтоб бо нурҳояш атроф ва дилҳои мардумро гарм мекунад.

Аз ҳар гӯшаи кишвар сабзаҳо сар мебароранд, дарахтон муғча мебанданд ва мардум ба кишту кор ва гашту гузор мебарояд.

Гулҳои шукуфта дар ҳама кунҷи Душанбе - дар боғҳо, паркҳо, назди корхонаҳо дида мешавад.

Дар баробари зебогии табиат баҳор боз замони таҷлили ду иди бузург - "Рӯзи Модарон" ва "Наврӯз" мебошад.

Бояд гуфт, одатан баҳори Тоҷикистон наонқадар гарм аст, ҳарорати ҳаво тақрибан 24 дараҷа мешавад, вале шабона метавонад то -4 дараҷа сард шавад ва баръакс мешаванд ҳолатҳое, ки ҳарорати ҳаво рӯзона то 37 дараҷа гарм шавад.

Хушбахтона то кунун дар ягон нуқтаи Тоҷикистон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Барчаспҳо:
ҷашноваи гулҳо, Душанбе

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ