02:50 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Акс

Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
1179 0 0
© AFP 2019 / Muchlis Akbar
Ҳарчанд пандемия дари мардуми сайёраро мекӯбад, ошиқон намехоҳанд арӯсиашонро лағв кунанд: тӯй ҳатман барпо мешавад. Аммо тӯйи даврони карантин андаке фарқ мекунад

Асари коронавирус дар ҷашнҳои арӯсии мардуми сайёра ҳам ҳис мешавад: арӯсҳои замони карантин баробари куртаи арӯсӣ ниқоби тиббии зебо ва дастпӯшакҳои муҳофизатӣ низ интихоб мекунанд

Ҳарчанд пандемия дари мардуми сайёраро мекӯбад, ошиқон намехоҳанд арӯсиашонро лағв кунанд: тӯй ҳатман барпо мешавад. Аммо тӯйи даврони карантин андаке фарқ мекунад.

Акнун тӯй дар кадом қишри сайёра барпо нашавад ва хоҳ аз мусалмонон бошаду хоҳ аз насорову намояндагони дигар динҳо, барои  домоду арӯс пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатӣ ҳатмист.

Албатта танҳо  ҷуфти ҷавон ниқобпӯш ба тӯй ҳозир намешаванд, тамоми меҳмонон низ даҳону бинӣ "баста" ба муборакбодии навхонадорон мераванд.

Масалан, дар Соҳили ғарбии Фаластин, арӯс на танҳо рӯй ва абрӯй, балки ниқобашро ҳам рангубор мекунад. Дар ниқоби тиббӣ бо ранги сурх нақши лабҳои арӯс дарҷ мегардад. 

Бархе аз арӯсҳои олуфтаи дигар, дастпӯшакҳои резинии худро оро медиҳанд. Онҳо гӯё нохунҳояшонро оро дода бошанд, дастпӯшакҳоро низ ранг мекунанд.

Дар Ҷакарта на танҳо ба ҳамдигар ангуштарӣ мепӯшонанд, онҳо дар даст дастпӯшакҳои резинӣ ба даҳону бинии якдигар ниқоб мебананд.

Ниқобҳои тиббӣ бояд ба табъи домоду арӯс мувофиқ бошад: аз мард ранги банур ё баста, аз зан камрангу нафис ва ороишёфта.

Дар Литва навхонадорон пас аз маросими тӯй анъанаи бӯсаро сарфиназар  намекунанд: танҳо байни лабони арӯсу домод ниқоби муҳофизатӣ меистад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ