08:20 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Акс

Занони замони ҷанг: ҳам ҳамшираву халабон ва ҳам партизан буданд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
215 0 0
  • Корманди санитарӣ Валя Грибкова муборизи захмбардоштаро аз майдони ҷанг берун мекунад
  • Фаъолияти бонувон дар корхонаи коркарди мин. Соли 1942
  • Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Евгения Жигуленко, халабони  46-уми Гвардияи авиатсионии занонаи ҳавопаймоҳои шабона 23 феврали 1945 ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  сарфароз гардонда шуд. Аз бойгонии шахсии Е. Жигуленко.
  • Гурӯҳи занонаи нишонзанҳои ихтиёрӣ дар сафи Артиши сурх
  • Люба Макарова  бо милтиқи мерганӣ дар солҳои ҶБВ
  • Оператор ва роҳбалади полки 586 - ум дар замони ҶБВ
  • Сержант Лиза Терехова лавозимоти ҷангиро пур мекунад
  • Дар минтақаи Донбасс занон ҷӯйборҳои зидди танкро кобиданд. Соли 1941
  • Қисми партизанӣ дар Украина
  • Бонуи алоқачӣ бо телефони саҳроӣ даар замони ҷанг
  • Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Мария Долина
  • Ҳамшираҳои шавқат дар замони ҶБВ
  • Ҳамширафи шавқат аз номи муборизи ҷароҳатбардошта ба пайвандони ӯ мактуб менависад
© Sputnik /
Корманди санитарӣ Валя Грибкова муборизи захмбардоштаро аз майдони ҷанг берун мекунад

Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 800 ҳазор занон минҳайси сарбозон дар сафи мардон ҷасурона ва мардонавор бар муқобили душман ҷангиданд

Аз миёни 800 ҳазор заноне, ки замони ҷанг дар майдони набард буданд ва мардонавор бар муқобили душман меҷангиданд, тақрибан 150 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонда шуданд.

Гузашта аз ин, беш аз 90 нафар бонувон  унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро касб намуданд.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

Замони ҷанг занон ҳам милтиқ дар даст доштанду ҳам ҷони захмбардоштаҳоро наҷот медоданд. Бонувон ҳам дар корхонаҳои коркарди яроқ фаъол буданд ва ҳамзамон барои маҳви душман  ҷӯйборҳои зидди танкӣ меканданд.

Аз номи муборизони мариз ба пайвандони онҳо мактуб навишта ирсол мекарданд. Симои қаҳрамон занони замони ҷангро аз тасвирбаёни таҳиянамудаи Sputnik Тоҷикистн дидан кунед.

Барчаспҳо:
акс, халабон, ҳамшираи шафқат, занон, ҶБВ

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ