14:57 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Акс

Русия ба Рӯзи ғалаба омодагӣ мебинад - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
289 0 0
  • Таъмиргарони Осорхонаи давлатии муҷассамаи шаҳрӣ  корҳои ободониро дар сутуни ёдбуди  Қаҳрамони Ленинград дар майдони Эҳёи Санкт-Петербургро пиёда намудаанд
  • Шустани муҷассамаи сарбози афтода дар майдон дар назди Боғи фарҳангӣ ва истироҳатии Горкий дар Қазон
  • Ороиши хиёбони Невский ба муносибати Рӯзи ғалаба
  • Ёдгории маршал Г.К. Жуков дар майдони Манеж пас аз барқарорсозӣ
  • Овезаи идона бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар яке аз кӯчаҳои Владивосток
  • Обида дар шакли Ордени ғалаба дар яке аз кӯчаҳои Владивосток бахшида ба муносибати 75 - умин солгарди ҶБВ гузошта шудааст
  • Овезаҳои идона бахшида ба 75 - умин солгарди ҶБВ дар Калининград
  • Айнан чунин фазои идона бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Челябинск мушоҳида мешавад
© Sputnik / Alexei Danichev
Таъмиргарони Осорхонаи давлатии муҷассамаи шаҳрӣ корҳои ободониро дар сутуни ёдбуди Қаҳрамони Ленинград дар майдони Эҳёи Санкт-Петербургро пиёда намудаанд

Дар Русия омодагии ниҳоӣ ба Рӯзи Ғалаба ба анҷом мерасад. Ҳамаҷо парҷамҳо овезон, ситораҳо ва муҷасаммаҳо шуста тоза покиза кардагӣ, танкҳои кӯҳнаро аз нав ранг карда ва ҳама ҷоро боовезаҳои идона оро додаанд

Дар арафаи 75-солагии Ғалабаи Бузург дар саросари кишвар корҳои таъмиру барқарорсозӣ идома доранд. Дар аксар манотиқҳои Русия корҳои омодагӣ  ба ин санаи муборак давоми сол тӯл кашида буданд.

Дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия овезаҳои идона ва поксозиву барқароркунии ёдгориҳои замони ҷанг ба назар мерасад.

Тарҳрезии гузашти ҳавоӣ дар Душанбе бо иштироки ҳавонавардҳои Русия

Ба муносибати ин ҷашни фархунда танкҳое, ки дар аксар манотиқҳо мавҷуданд ва аз он замон дарак медиҳад, рангкорӣ намудаанд

Имсол, бо сабаби хуруҷи маризии сироятии коронавирус, Рӯзи Ғалаба дар Русия бори аввал бидуни гузашти низомӣ, намоишҳо ва консертҳо баргузор мешавад. Мардуми рус Рӯзи Ғалабаро тариқи онлайнӣ ҷашн мегиранд. Ба ин шакл ҳамаи наслҳо ва кишварҳо муттаҳид карда дар як маросими маҷозӣ "Ҳанги ҷовидон" баргузор мекунанд ва ҳамчунин  сурудҳои ҷангӣ садо хоҳанд дод.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941, замоне ки Олмони фашистӣ ба қаламрави ИҶШС дохил шуд, оғоз ёфт.

Толибон дар Афғонистон нерумандтар мешаванд: оё онҳо ба Тоҷикистон мераванд

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷузъи муҳимтарини Ҷанги Дуюми Ҷаҳон буда, бо ғалабаи Артиши Сурх ба охир расид. Тасдиқи ғайримунтазираи Олмон рӯзи 8 май соати 22:43 дақиқа эълом шуд. Мубориза 1418 рӯз давом кард.

Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиаи Русия, талафоти умумии шаҳрвандони ИҶШС қариб 27 миллион нафарро ташкил додааст.

Барчаспҳо:
акс, ҷашни рӯзи Ғалаба, Русия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ