12:31 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Акс

Дар зудтарин фурсат: рафти сохтмони дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
1371 0 0
  • Рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи Бофанда
  • Сохтмони беморхонаи сайёр дар варзишгоҳи Бофанда
  • Беморхонаи сайёр дар варзишгоҳи Бофанда
  • Дохили ҳуҷраҳои беморхонаи сайёр
  • Беморхонаи сайёр дар варзишгоҳи Бофанда
  • Беморхонаи сайёр дар варзишгоҳи Бофанда
  • Беморхонаи сайёр дар варзишгоҳи Бофанда
© Sputnik / Амир Исаев

Пас аз он ки нахустин ҳодисаи сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд ва эпидемия дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шуд, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар Душанбе як беморхонаи сайёр ташкил кунанд

Қарор дода шуд, ки дар майдони футболи  Бофанда як муассисаи тиббии муваққатӣ бунёд карда шавад.

Дармонгоҳҳои сайёри махсусро барои қабули беморони коронавирус аз Ӯзбекистон тавассути қатора ҳамчун кумаки башардӯстона овардаанд.
Ҳамакнун дар варзишгоҳ, ба ҷои майдони футбол, дармонгоҳҳои сайёр бо шароити зарурӣ гузошта шудааст.

"Ҳар як дармонгоҳи сайёр як палатаи хурд мебошад, ки дар он ҷо ҳама шароити табобат ва ҷои зист ҳаст. Чор нафар дар як қуттӣ ҷойгир карда мешаванд" - гуфт Мирзошариф Исматзода як масъули корҳои сохтмонии дармонгоҳи сайёр.

Беморхонаи муваққатӣ дар сурати паҳншавии босуръати коронавирус дар Тоҷикистон сарбории беморхонаҳоро коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ