17:01 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Акс

Танҳо тибқи қоида: чӣ гуна ҷаҳониён меъёри фосилагириро риоя мекунанд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
266 0 0
  • Навбатпойии занони солхӯрда барои гирифтани кӯмак ва риоя намудани фосилагирӣ дар шаҳри Озумбаи Мексика
  • Намози ҷумъа бо риояи меъёри фосилагирӣ дар масҷиди Муҳаммад - ал - Амин дар Бейрут
  • Навбатпоии кормандони корхонаи Kawasaki Mitsubishi дар ошхона. Ҷопон
  • Устодону толибилмон пас аз танаффуси тӯлонӣ барои авҷи коронавирус дубора ба дабистон омаданд. Акнун онҳо таълимро бо риояи меъёри фосилагирӣ мегузаронанд
  • Ҳавохӯрии занони солхӯрдаи Туркия бо ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ
  • Дар Ню - Йорк низ тамошобинони парки Domino риоя намудани фосилаи иҷтимоиро фаромӯш намекунанд
  • Навбатпоии намозгузорон дар масҷиди Сенегал
  • Одамон масофаи иҷтимоиро дар бозори хӯрокаи Порта Палаззо дар Турин, Италия нигоҳ медоранд
© AFP 2019 / Pedro Pardo
Навбатпойии занони солхӯрда барои гирифтани кӯмак ва риоя намудани фосилагирӣ дар шаҳри Озумбаи Мексика

Миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон маҷбуранд, ки масофаи иҷтимоиро амалӣ кунанд, то мубталои сирояти коронавирус нашаванд

Тибқи тавсияҳо, масофаи ҳадди аққали зарурӣ байни одамон барои бехатарӣ дар вақти COVID-19 1,5 метрро ташкил медиҳад.

Бо нақз намудани ин масофа, заррачаҳои хурди нафари сироятбуда метавонанд ба чашм, рӯи ва пӯсти шахси дигар ворид шаванд.

Феълан дар ҳама ҷо риояи қатъии фосилагирӣ талаб карда мешавад ва одамон худ саъй мекунанд то ҳам дар кӯча, ҳам дохили нақлиёт ва дорухонаҳо аз ҳамдигар ба масофаи 1,5 метр дуртар истанд.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Зимнан, мутаххасисони соҳаи тиб мегӯянд, ки чун алъон барои муборизаи қатъӣ бурдан бо ин вирус давое мавҷуд нест, аз ин рӯ риоя фосилагирӣ аз ягон роҳи пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ гуфта мешавад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ