09:05 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Акс

Қалби балети тоҷик: аксҳои нодири Малика Собирова

Гирифтани линки кӯтоҳ
378 0 0
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус Дон Кихот.
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунармандони шоиста Музафар Муханов ва Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус Дон Кихот.
  • Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.
  • Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.
  • Балерина Малика Собирова дар нақши Золушка бо балети Сергей Прокофев.
© Sputnik / Устинов
Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова.

Имрӯз, 22 май рӯзи зодрӯзи балеринаи нотакрори тоҷик Малика Собирова мебошад. Sputnik Тоҷикистон беҳтарин аксҳои саҳнавии раққосаро ҷамъоварӣ кард

Агар умр вафо мекард, беҳтарин балеринаи тоҷик Малика Собирова имрӯз 78 сола мешуд, вале ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Малика Собирова соли 1982 дар солҳои ҷавонӣ дар синни 39 солагӣ ин оламро тарк кард.

Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи марлдумии Тоҷикистон
Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой

Таърихи зиндагии фоҷиабори духтараке аз шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира), ки барои тасхири саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ба Ленинград рафту пасон боз ба ватан баргашт, ва билохира аз бемории саратони шуш даргузашт, барои сабти филми ҳуҷҷатӣ сюжети комил аст.

Асосгузори рақси классикӣ Малика Собирова имрӯз ҳам аз дӯстдоштатарин ҳунарманд дар ватан шинохта мешавад ва деворҳои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ - ҷои кори ҳунарпеша имрӯз ҳам бо аксҳои бузурги ӯ оро дода шудааст.

Балеринаи нотакрори тоҷик Малика Собирова 22 майи соли 1942 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ошиқи балет будааст ва бо падараш тез тез тамошои ин намуди ҳунар меомадааст.

Соли 1952 Коллеҷи хареографии Ленинград (Ҳозира  - Академияи балети руси ба номи А. Я. Ваганова) барои омӯзиш гурӯҳи тоҷикиро созмон дод. Собирова барои омӯзиш дар ин коллеҷ пешниҳод шудааст ва тирамоҳи ҳамон сол барои таҳсил ба Ленинград рафтааст.

Пас аз нӯҳ сол Малика Собирова балеринаи театри опера ва балети тоҷик шуд ва аллакай дар мавсими аввал нақшҳои марказиро иҷро мекард.

Номи Собирова дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ то рафт машҳур мешуд ва дар соли 1964 балерина дар Маскав бо ҳунарманди номии балет - Галина Уланова ҳамкорӣ мекунад.

Балеринаи тоҷик ба аксари кишварҳои ҷаҳон Бритониё, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Урупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ сафарҳои ҳунарӣ доштааст.

Бо ҳамсараш, солисти балети ҶШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов ӯ беҳтарин саҳнаҳои худро иҷро кардааст.

Барчаспҳо:
балет, театри опера ва балети ба номи Айнӣ, рақс, аксҳо, Малика Собирова

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ