08:31 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Акс

Ҳодисаи таърихӣ: раҳоии Толибон аз маҳбасхонаҳои Афғонистон - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
466 0 0
  • Толибони маҳбасхонаи Багром пас аз баромадан ба озодӣ
  • Дари маҳбасхонаи Пули - Чархӣ ба рӯйи чандин аъзоёни гурӯҳи радикалии Толибон баста шуд
  • Толибони озодшуда аз зиндони Багром
  • Сарбозони артиши миллии Афғонистон ҳангоми раҳоӣ аз зиндони Баграм берун аз пойгоҳи низомии ИМА маҳбусони Толибонро ҳамроҳӣ мекунанд
  • Маҳбуси зиндони Багром пас аз раҳошавӣ аз маҳбасхона
  • Толибони маҳкумшуда зиндони Пули  Чархиро тарк мекунанд
  • Маҳбуси толиб дар зиндони Пули -Чархӣ
  • Маҳбусони толибе, ки аз зиндони Багром ба озодӣ баромаданд
© AFP 2019 / Wakil Kohsar
Taliban prisoners stand during their release from the Bagram prison, next to the US military base in Bagram, some 50 km north of Kabul on May 26, 2020. - Afghan authorities plan to release 900 more Taliban prisoners on May 26, as calls grow for the militants to extend a ceasefire on its third and final day.

Садҳо ҷангиёни аъзои гурӯҳи радикалии Толибон тарки маҳбасхонаҳои Афғонистон мекунанд. Ҳукумати ин кишвар барои расидан ба сулҳ бо Толибон ба чунин иқдом даст зад

Авохири моҳи феврал намояндагони Ҳукумати Афғонистон, Толибон ва Амрико аввалин созишномаи сулҳро дар беш аз 18 соли ҷанг дар Қатар имзо карданд.

Ин иқдоми дипломатӣ ба ҷонибҳо дар Афғонистон имкон медиҳад, то ба муноқишаҳои низомӣ дар ин кишвар нуқта гузошта шавад.

Яке аз шартҳои калидӣ барои барпо кардани муколама миёни ҳукумати ин кишвар бо толибон ин озод кардани маҳбусон мебошад. Аз ин рӯ, ҳукумати Афғонистон ба раванди раҳоии ҷангҷӯёни Толиб аз зиндонҳо оғоз кард.

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

Қадами дигари сулҳ дар Афғонистон оташбас ба муносибати Иди Фитр гардид. Пас аз ин, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо изҳори сипос барои оташбас миёни ҳукумат ва толибон амр дод, то раванди ба озодӣ баромадани толибон зудтар анҷом ёбад.

Ин ҳодисаи таърихиро аз тасвирбаёни омода кардаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Барчаспҳо:
акс, Толибон, раҳоӣ, зиндон, Афғонистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ