14:44 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Акс

Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии забони русӣ ва мавлуди Пушкин дар Душанбе - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
23010
  • Таҷлили рӯзи байналмилалии забони русӣ ва солрӯзи А.С. Пушкина дар Душанбе
  • Баромади толибилмон вобаста ба таҷлили рӯзи забони русӣ ва мавлуди А.С.Пушкин дар Душанбе
  • Номзадҳои илмҳои филологияи  ДСРТ Арина Геннадевна Гайнутдинова
  • Дотсенти кафедраи Забони тоҷикӣ дар ДСРТ Холов Хол Раҷабович
  • Роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил В. Вождаев
  • Маросими таҷлил аз рӯзи забони русӣ ва ҷашни мавлуди А.С. Пушкин дар Душанбе
  • Баромади донишҷӯёни ДСРТ дар бораи А.С.Пушкин
  • Нимпайкараи А.С. Пушкина дар назди ДСРТ дар Душанбе
  • Намояндагони ду кишвар аснои аксбардорӣ дар назди нимпайкараи А.С. Пушкин
© Sputnik / Амир Исаев
Таҷлили рӯзи байналмилалии забони русӣ ва солрӯзи А.С. Пушкина дар Душанбе

Дар Душанбе зодрӯзи шоири бузурги рус Александр Сергеевич Пушкин хоксорона, вале ботантана ҷашн гирифта шуд

Санаи 6 - уми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони русӣ ва зодрӯзи Александр Сергеевич Пушкин ҷашн гирифта мешавад.

Душанбе низ ба таври хоксорона, вале ботантана аз ин ду санаи барои Русия муҳим ҷашн гирифт. Маросими асосӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон назди нимпайкараи Пушкин баргузор гардид.

Чорабинии идона аз гузоштани гулчанбар назди нимпайкараи Александр Сергеевич Пушкин оғоз ёфт.

Пайкараи Александр Пушкин дар маркази Душанбе қомат афрохт

Баргузории ин ду ид дар Тоҷикистон дар замони авҷи маризии коронавирус сурат гирифт. Аз ин рӯ масъулин кӯшиш намуданд, ки чорабиниро ба таври хоксорона бо ҳузури теъдоди ками одамон баргузор кунанд.

Муҳассилини ин донишгоҳ дар васфи забони русӣ ва А.С Пушкин шеъру маърӯзаҳо ироа намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷумла роҳбари Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев низ иштирок намуда буд.

Барчаспҳо:
акс, таҷлил, мавлуд, забони русӣ, Душанбе

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ