15:11 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Акс

Эътирозгарон муҷассамаҳоро дар Амрикову Аврупо тахриб мекунанд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
341 0 0
  • Харобкории нимпайкараи шоҳ  Леополд II дар Белгия
  • Ҳайкали Роберт Миллиган дар Лондон
  • Тахриби ҳайкали Эдвард Колстон, дар Британияи Кабир
  • Эътирозгарон ҳайкали Эдвард Колстонро чаппа намуданд
  • Зимнан, ҳайкали ӯро дастаҷамъона ба об партофтанд
  • Ҳайкали капитан Ҷон Фейна Чарлз Гамилтонро аз бими харобкориҳои эътирозгарон пешагӣ гирифта шуд
  • Инчунин ҳайкали раисҷумҳур Ҷефферсон Дэвиса аз ҷониби эътирозгарон хароб карда шуд
  • Поксозии  ҳайкали малика Виктория аз навиштаҳои эътирозгарон дар Британияи Кабир
  • Эътирозгарон ҳайкали кашфкунандаи Амрико Кристофер Колумбро  дар Бостон хароб намуданд
© REUTERS / Yves Herman
A statue of former Belgian King Leopold II sprayed with a graffiti is seen in the park of the Africa Museum, in Tervuren, near Brussels, Belgium, June 9, 2020.

Эътирозгарон пас аз кушта шудани Ҷорҷ Фоулз сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти пулиси Амрико ба таъриби мероси таърихӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин дар Аврупо шурӯъ намуданд

Дар Амрико ва Аврупо эътирозгарон пас аз мубориза бо нажодпарастӣ ба вайрону нобуд кардани ёдгориҳои таърихӣ шурӯъ карданд.

Ҳайкалҳои сиёсатмадорони амрикоӣ ва бритониёиро рангкорӣ мекунанд ва баъзеяшро пас аз тахриб кардан ба об мепартоянд.
Якчанд рӯз пеш эътирозгарон муҷассамаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷефферсон Дэвисро, ки дар Портсмут буд, сарнагун карданд. Дар Ричмонд ёдгории Колумб дар кӯл ғарқ шуд.

Мақомоти шаҳри Норфолк тасмим гирифтанд, ки ғазаби тазоҳургаронро интизор нашаванд ва ҳайкали Ҷонни Рабро пешагӣ бигиранд.

Ҷанг бо муҷассамаҳо дар тарафи дигари Атлантик ҷараён дорад. Дар Лондон онҳо муҷассамаи Уинстон Черчиллро хароб карданд.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Ҳатто дар Зеландияи Нав ҳам ба ёдгориҳои таърихӣ ҳамла меоварданд. Дар Ҳэмилтон ҳайкали Ҷон Ҳэмилтон тахриб шуд.

Эътирози оммавӣ дар Иёлоти Муттаҳида 25 май оғоз ёфт. Сабаби сар задани ошӯбҳо марги Ҷорҷ Флойди 46 - сола буд, ки ҳангоми боздошт аз ҷониби полис дар Миннеаполис кушта шуд.

Дар тӯли чанд соат, эътирозҳо дар дигар шаҳрҳои ИМА авҷ гирифт. Иштирокчиён бо шиори “Зиндагии сиёҳ” бо овози баланд талаб мекунанд, ки бо нобаробарии нажодӣ дар кишвар мубориза баранд.

Аввали моҳи июн мавҷи эътирозҳо кишварҳои Аврупо, бахусус Фаронса ва Бритониёро забт кард.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ