10:20 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Акс

Холисона, идона ва рекордӣ: Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав - нодиртарин аксҳо

Гирифтани линки кӯтоҳ
267 0 0
  • Намояндаи Кумитаи миллии олимпии Италия дар маросими кушодашавии Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав
  • Хирс Гоша дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои велосипедронии олимпӣ дар варзишгоҳи Крилатское
  • Хирс - тимсоли бозиҳои Олимпии солҳои 80 - ум
  • Маросими тантанавии кушодашавии Бозиҳои Олимпиадаи тобистонаи солҳои 1980 дар Маскав
  • Тимсоли Олимпиадаи 80 - ум дар толор
  • Тамошобинон бо байрақи Амрико дар маросими кушодашавии Олимпиадаи солҳои 80 - ум
  • Маросими тантанавии кушодашавии Олимпиадаи 80 - ум
  • Рақси гурӯҳии Дӯстии халқҳо дар маросими кушодашавии олимпиада дар солҳои 80 - ум
  • Иштирокчиёни ҷавони ин ҷашн, ки ҳамчун хирси олимпӣ либос пӯшидаанд, дар маросими кушоиши Бозиҳои XXII Олимпиада баромад мекунанд
  • Маросими кушодашавии олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав
  • Намояндагони 15 кишвари Иттиҳоди собиқ Шӯравӣ дар Олимпиадаи солҳои 80 - ум
© Sputnik / Sergei Guneev
Намояндаи Кумитаи миллии олимпии Италия дар маросими кушодашавии Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав

Бозиҳои соли 1980 дар Маскав то ҳол яке аз беҳтаринҳо дар таърихи олимпӣ ба ҳисоб мераванд, ки намояндагони чандин кишварҳоро гирди ҳам оварда буд

Чил сол пеш Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Москва, пойтахти ИҶШС аз 19 июл то 3 августи соли 1980 баргузор шуда буд. Ин аввалин олимпиада дар таърихи Аврупои Шарқӣ ва инчунин нахустин бозиҳо дар давлати сотсиалистӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳатто эстафетаи машъал, ки 21 июн дар Афина оғоз ёфт, пурра қаламрави ИҶШС - ро давр зад: аз София то Маскав тавассути Бухарест, Кишинёв, Киев ва Харков. Дар маҷмӯъ, алангаи олимпӣ масофаи 2294 километрро дар қаламрави Иттиҳод фаро гирифта буд.

Воқеан, машъали Бозиҳои олимпии соли 1980 дар мӯҳлати рекордӣ - ҳамагӣ дар як моҳ таҳия шудааст. Ин тарҳро рассомони омӯзишгоҳи Мукинский омода карда, модел дар заводи Климов ҷамоварӣ шуд. Машъал 55 сантиметр баландӣ дошта, вазнаш камтар аз як кило буд. Ҳамзамон, ба хотири он ки оташ дар партави нурҳои офтоб "гум нашавад", ба вай бо омезиши равғани зайтун ранги зебои гулобӣ дода шуд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Олимпиадаи 1980 на танҳо барои Иттиҳоди собиқ Шӯравӣ, балки барои тамоми ҷаҳон як рӯйдоди ғайриоддӣ буд. Бозиҳои тобистона дар Маскав то ҳол яке аз беҳтаринҳо дар таърихи олимпӣ ба ҳисоб мераванд. Он ҳамчун боэътимодтарин эътироф карда мешаванд - ҳеҷ шикояти расмӣ дар бораи аз нав дида баромадани натиҷаҳо ба миён наомад.

Бо вуҷуди он ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ 40 сол пеш баргузор шуда буданд, онҳо то ҳол дар хотираи миллионҳо одамон боқӣ мондаанд.

Барчаспҳо:
акс, Маскав, Олимпиада

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ