08:49 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Акс

Тобистон, гармии тоқатфарсо, аммо пандемия: истироҳати мардум дар аквапарки Душанбе - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0
  • Тибқи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус, вуруд ба аквапарк танҳо бо ниқоби тиббӣ ҷоиз аст. Гузашта за ин, қабл аз ворид шудан  дар даромадгоҳ ҳатман ҳарорати бадан санҷида мешавад
  • Аквапарки шаҳрии Обшорон дар маркази Душанбе ҷойгир аст
  • Аквапарки мазкур ҳамарӯза серодам аст
  • Дар ин парк барои дӯстдорони шиноварӣ намудҳои гуногуни аттраксионщо гузошта шудааст
  • Кӯдакони хурдсол маъмулан бо нафаре аз  наздикони худ ин ҷо омада роҳат оббозӣ ва фароғат мекунад
  • Дар даруни об нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ бисёр мушкил аст, аммо бо вуҷуди ин неруи офтоб,ки барои ин маризӣ муҳим гуфта мешавад, ба серӣ метавон гирифт
  • Гирдогирди об майдончаҳои гуногун барои фароғату бозӣ ҷой дода шудааст
  • Ин ҷо барои кӯдакони хурдсолтар макони алоҳидаи оббозӣ ташкил карда шудааст
  • маконе, ки барои кӯдакони хурдсол омода шудааст, бехавфу хатар аст. Наздикони кӯдак метавонанд бидуни тарсу ҳарос фароғат кунанд
  • Наврасон бошад ҷудо аз кӯдакони хурдсол макони махсус доранд, ки вобаста ба завҷи онҳо сохта шудааст
  • Кӯдакони синну соли гуногун аз ин макон ҳаловат ва хурсандии зиёд мекунанд
  • Чун дар замони пандемия мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон дертар эълон гардид, аз ин рӯ имрӯз аквапарки Обшорон серодам аст
© Sputnik / Амир Исаев

Бо вуҷуди эълони қарантин дар аксар давлатҳо, дар Душанбе хушбахтона мардум дар аквапарку ҷойҳои фароҳатӣ ба истироҳат машғуланд

Аквапарки "Обшорон" дар ин шабу рӯз бисёр серодам аст.

Зеро мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон, бинобар хатари паҳншавии маризии коронавирус дертар эълон шуд ва мардум ба хотири сироят нашудан,дар гармии тоқатфарсо кам ба маконҳои шиноварӣ мерафтанд.

Истироҳати бофароғат: гузориши аксӣ аз кули "Душанбе"

Аммо имрӯз аквапарки "Обшорон" серодам аст ва мардум бидуни тарсу ҳарос ба фароғату истироҳат машғуланд.

Дар ин аквапарк вобаста ба синну сол маконҳои алоҳида барои шиноварӣ муҳайё гардидааст.

Дар даромадгоҳ аз ҷониби масъулини аквапарк ҳарорати бадан санҷида мешавад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ