12:54 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Акс

Нахустин ваксинаи алайҳи COVID - 19 дар корхонаи дорусозӣ чӣ гуна истеҳсол мешавад - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (753)
647 0 0
  • Раванди истеҳсоли ваксина дар корхонаи Биннофарм
  • Намояндаи корхонаи Бинофарм аснои истеҳсоли ваксин
  • Корманди корхонаи Биннофарм биоматериалро зери микроскоп мушоҳида мекунад
  • Истеҳсоли нахустин ваксина дар ҷаҳон дар корхонаи Биннофарм
  • Кормандони корхонаи Биннофарм ба ҳангоми истеҳсоли ваксин
  • Ин нахустин ваксина дар ҷаҳон мебошад, ки алайҳи маризи коронавирус истеҳсол гардидааст
  • Шароити корхонаи мазкур барои истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирус
  • Дар сурати гирифтани ин ваксин одам ба мӯҳлати ду сол масуният пайдо мекунад
  • Пизишкон мегӯяд, барои пайдо шудани масуният бояд ду маротиба ваксин гирифт
  • Ваксина агар сабти ном шуда бошад ҳам, вале раванди озмоиши ӯ ҳамоно идома дорад
  • Кишварҳои хориҷ низ ба ваксини сохти русӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд
  • Нахуст пизишкон ва омӯзгорон ваксин мегиранд
  • Марҳилаи эмгузаронӣ аз моҳи сентябр шурӯъ мешавад
© Sputnik / AFK Sistema
Производство вакцины от COVID-19 на фармацевтическом заводе "Биннофарм" в Зеленограде.

Рӯзи 11 - уми август нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус, ки сохти Русия мебошад, бомуваффақияn ба қайд гирифта шуд. Ба истеҳсоли ваксин корхонаи дорусозии "Бинофарм" шурӯъ намуд

Вазорати тандурустии Русия хабар дод, ки дар кишвар ба истеҳсоли нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус дар шароити корхонаҳои дорусозӣ шурӯъ намуданд.

Ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, истеҳсол кард, номи "Спутник V"- ро гирифт.

Ин ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеи таҳия шудааст.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Ба иттилои манбаъ, ваксина ду маротиба гузаронда мешавад ва ҳамин тавр одамон ба мӯҳлати ду сол алайҳи маризии сироятии коронавирус масуният пайдо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз нахустин кишварҳое мебошад, ки ба ваксинаи сохти русӣ тавваҷӯҳ намуда хостори дастрас кардани онро дорад.

Гуфта мешавад, арзиши содиротии он барои ду воя 10 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо дар сурати истеҳсоли барзиёди ваксина, арзиши он коҳиш меёбад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (753)
Барчаспҳо:
акс, корхона, дору, истеҳсол

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ