01:22 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Акс

Шабнишинӣ дар Вуҳан ва ёдбуди Тсой : даҳ акси беҳтарини ҳафта

Гирифтани линки кӯтоҳ
109401
  • Шаҳри Вуҳан пас аз ҳамагирии коронавирус дубора зинда мешавад. Ҳафтаи равон дар аквапарки ин шаҳр шабнишие доир гардид, ки дар он ҳазорон одам бе ниқоби тиббӣ ҳузур доштанд.
  • Дар Фаронса бошад, ҳамаи қоидаҳои СҶБ аз ҷониби шаҳрвандон риоя мешаванд. Духтараке бо ниқоби тиббӣ дар соҳили Сен-Тропе,
  • Ҷуфти ошиқ дар назди кӯҳи Сари шакарӣ, ки пас аз ҳамагирии коронавирус дубора дар  Рио-де-Жанейро барои сайёҳон кушода шуд.
  • Ҳаводорони Виктор Тсой дар Арбати Маскав.
  • Меҳмоне дар боғи миллии Саҳрои марг дар ИМА
  • Ширкаткунандагони озмуни зебоии Miss Buffalo Chip Beauty Pageant
  • Моҳигири фаластинӣ тӯри моҳигирии худро тоза мекунад.
  • Ризокоре бо костюми Пикачу кӯдакеро дар рӯзи Children's Day дар  Буэнос-Айрес ба оғӯш гирифтааст.
  • Оқибатҳои таркиш дар Бейрут.
  • Моҳигирон тӯри моҳидориашонро замони фурӯ рафтани офтоб дар Банда-Ачех, Суматраи Индонезия тоза мекунанд.
© REUTERS / Stringer
Шаҳри Вуҳан пас аз ҳамагирии коронавирус дубора зинда мешавад. Ҳафтаи равон дар аквапарки ин шаҳр шабнишие доир гардид, ки дар он ҳазорон одам бе ниқоби тиббӣ ҳузур доштанд..

Дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон, даҳ акси беҳтарини ҳафтаи гузаштаро тамошо кунед. Ҳафтаи гузашта аз ҳаводис холӣ набуд

Ҳамин тавр, рӯзи 15 август аз вафоти мусиқачии машҳур Виктор Тсой 30 сол гузашт. Ҳаводорони ин ҳунарманд дар назди пойдевори акси ҳунарманд дар Арбати Маскав ҷамъ омаданд, то ёди Тсойро пос доранд.

Дар баробари ин шаҳре, ки дар он нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд - Вуҳан, ба зиндагии муқаррарӣ бозмегардад.

Рӯзҳои истироҳат дар боғи обии ин шаҳр шабнишиние баргузор шуд, ки дар он ҳазорон ҷавон бидуни ниқоби тиббӣ ширкат карданд.

Тобистон, гармии тоқатфарсо, аммо пандемия: истироҳати мардум дар аквапарки Душанбе - акс

Дар Индонезия вулқони Синабунг аз нав зинда шуд. Ҳамаи роҳҳо ва манзилҳои наздики вулқон аз чангу ғубор пур шуд. Вулқони Синабунг пас аз зиндашавӣ дар соли 2010, пай дар пай аз худ дарак медиҳад. 

То соли 2010 ин вулқон наздики 400 сол хоб буд.

Барчаспҳо:
ҳаводис, Ҷаҳон, акс

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ