00:59 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Акс

Обхезии шадиди марговар дар Афғонистон: аксҳо аз маконҳои зарардида

Гирифтани линки кӯтоҳ
531 0 0
  • Чандин музофотҳои Афғонистон аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ диданд
  • Роҳҳои автомобилгард дар чандин музофот зери об монд ва гашту гузори одамонро ба мушкилӣ мувоҷеҳ кард
  • То 100 нафар танҳо дар музофоти Парван қурбони ин офати табиӣ гардиданд
  • Ҳамчунин садҳо манзилҳои зист комилан харобу валангор гардиданд
  • Бар асари обхезии шадид, садҳо афғонистонӣ бехонаву дар монданд
  • Сокинони бе хонаву дар монда, ҷиҳози хонаашонро аз даруни лоиқа кофта мегиранд
  • Обхезӣ нахуст аз музофоти Парван шурӯъ шуд
  • Сипас чандин музофоти дигарро фаро гирифта, мардумонро дар ҳолати ногузир қарор дод
  • Бар замми 151 қурбонӣ ҳамчунин беш аз 200 нафар ҷароҳатдор шуданд
  • Наҷотбахшон ҳамоно ҷустуҷӯи одамонро идома медиҳад
© REUTERS / Stringer
Разрушенный автомобиль после потопа в Афганистане

Обхезӣ аз музофоти Парван рӯзи чоршанбе оғоз шуд ва сипас 12 музофоти дигар, аз ҷумла Кобулро фаро гирифт

Алъон теъдоди қурбониёни обхезӣ дар қаламрави Афғонистон зиёда аз 151 нафарро ташкил медиҳад. Беш аз 200 афғонистонӣ аз ин офати табиӣ зарар диданд.

Қаблан хабаргузориҳо аз ҳалокати 122 нафар ва ҷароҳатдор шудани 147 тан гузориш дода буданд.

Зимнан, бар асари обхезии шадид, садҳо манзилҳои зист вайрону валонгар гардида сокинон бе хонаву дар монданд.

Дар шаҳри Душанбе 16 хонавода аз обхезӣ осеб диданд

Таъкид мешавад, ки обхезӣ музофотҳои Парван, Кобул, Каписа, Вардак, Панҷшер, Нангархор, Лоғар, Пактия, Пактика, Нуристон, Лағмон  ва Хостро фаро гирифт.

Аз ҳама беш сокинони Парван хисороти ҷониву молӣ диданд. То 100 нафар қурбонӣ маҳз дар ҳамин музофт ба қайд гирифта шудааст. Сипас Кобул аз лиҳози теъдоди бештари қурбониён меистад. Дар ин шаҳр 19 нафар дар ин офати табиӣ ҷон бохтанд.

Гуфта мешавад, наҷотбахшон ҳамоно барои пайдо кардани ҷасади қурбониён корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ