04:42 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Акс

Музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Доҳаи Қатар бо иштироки Амрико 

Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0
© REUTERS / Ibraheem al Omari
Намояндагони Амрико, Қатар ва Афғонистон дар музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Доҳа

Баъзе сиёсатмадорони баландпояи Афғонистон аз оғози музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Доҳаи Қатар истиқбол карданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки ҷанги 40-сола дар ин кишвар хотима хоҳад ёфт.

Раисҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомид  Карзай  бо шурӯи музокироти сулҳ дар Қатар бо интишори баёнияе ин гуфтугӯҳоро хабари  хушу мӯҷиби умедвории зиёд барои афғонҳо донист.

Флаг 217 корпуса афганской национальной армии Памир
пресс-центр 217 корпуса афганской национальной армии "Памир"

Вай изҳори умедворӣ кард, ки музокиракунандагон манфиатҳои асосии миллиро аз талабҳои маҳдуд ва гузаранда авлотар медонанд ва дар рӯҳияи гузашт ва таҳаммулпазирӣ амал хоҳанд кард.

Сафири собиқи гурӯҳи Толибон дар Покистон Абдусалом Заиф низ дар сафҳаи фейсбуки худ дар ин замина навишт: “оғози ин нишастро ба фоли нек мегирам, ки яхи адами оғози музокирот об шуду худои бузург  поёни онро босамар  гардонд.”

Раҳбари ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон Муҳаммадкарим Халилӣ  низ аз оғози раванди музокироти байни афғонӣ истиқбол кард ва гуфтугӯҳоро як фурсати тарихӣ ва такрорнопазир барои қатъи ҷангу таъмини суботи пойдор дар ин кишвар донист.

Аҳмад Саидӣ дипломати собиқ ва устоди донишгоҳ  ҳам ҳушдор дод, агар ин музокирот ноком шаваду ба бунбаст бирасад барои мардуми Афғонистон  натоиҷи манфии густардае ба дунбол хоҳад дошту тӯфони тероризм на танҳо дар Афғонистон, балки дар кишварҳои минтақа ва фароминтақаӣ шиддат хоҳад ёфт.

Музокироти сулҳи байни давлат ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистону Толибон санаи 12 сентябр дар Доҳаи пойтахти Қатар оғоз шуд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ