22:31 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Акс

Дастаи “Алмос” (Шоҳдара) соҳиби “Ҷоми Нур 2020” шуд

Гирифтани линки кӯтоҳ
248 0 0
  • Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд
  • Бозиии ниҳоӣ бо рақобати ду даста “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) анҷом ёфт
  • Бозии ниҳоӣ низ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дастаи “Алмос” рақиби худро шикаст дода барандаи ҷом шуд
  • Дар ҷои дувум дастаи “Ваҳдат”-и (Хоруғ) ва дар ҷои севум дастаи “Юниор”-и (Шоҳдара) қарор гирифтанд
  • Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфт
  • Инчунин, дар ин бозиҳо Фарух Давлатмуродов аз дастаи “Алмос” беҳтарин футболбоз дониста шуд
  • Ҳамчунин, Раҳматшоев Рашод бозигари дастаи “Юниор” беҳтарин бозигари ҷавон,  Алихонов Хурсан аз дастаи “Хоруғ” беҳтарин дарвозабон ,  Бутабеков Гулзор аз дастаи “Алмос” беҳтарин дифоъгар Каримов Амин аз дастаи “Юниор” беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд
  • Ин чорабинии муҳими варзиши, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, бидуни тамошобинон сурат гирифт. Аммо ташкилкунандагон ин даъфа барои мухлисони футбол намоиши футболро тариқи пахши мустақимро дар интернет ба роҳ монда буданд
  • Ҳамчунин, ансамбли “Нур” бо рақси миллии помирӣ барномаи фарҳангиро идома дод
  • Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфтл
  • Дар пойтахти Русия чорабинии муҳими варзишӣ ба анҷом раисд, ки дар он дастаи “Алмос” (Шоҳдара) барандаи Ҷоми Нур 2020” гардид
РОО НУР
Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд

Санаи 13 сентябри соли равон марҳилаи ниҳоӣ рақобатҳои футзали “Ҷоми Нур 2020” ба анҷом расид

Ахиран дар пойтахти Русия чорабинии муҳими варзишӣ ба анҷом раисд, ки дар он дастаи “Алмос” (Шоҳдара) барандаи Ҷоми Нур 2020” гардид.

Бо мусиқии скрипканавози ҷавон ба майдон “Ҷоми Нур” бароварда шуд, ки сипас чаҳор даста барои ба даст овардани ин ҷом рақобат карданд.

Тибқи натиҷаҳои бозиҳои пешин ба марҳилаи ниҳоӣ чаҳор даста, аз ҷумла дастаи “Юниор” (Шоҳдара), “Рубин” (Шуғнон), “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) роҳ ёфтанд. Ин чорабинии муҳими варзиши, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, бидуни тамошобинон сурат гирифт. Аммо ташкилкунандагон ин даъфа барои мухлисони футбол намоиши футболро тариқи пахши мустақимро дар интернет ба роҳ монда буданд.

Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд. Ин бози бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Юниор” (Шоҳдара) анҷом ёфт.

Бозиии ниҳоӣ бо рақобати ду даста “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) анҷом ёфт.

Бозии ниҳоӣ низ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дастаи “Алмос” рақиби худро шикаст дода барандаи ҷом шуд. Дар ҷои дувум дастаи “Ваҳдат”-и (Хоруғ) ва дар ҷои севум дастаи “Юниор”-и (Шоҳдара) қарор гирифт.

Инчунин, дар ин бозиҳо Фарух Давлатмуродов аз дастаи “Алмос” беҳтарин футболбоз дониста шуд.

Ҳамчунин, Раҳматшоев Рашод бозигари дастаи “Юниор” беҳтарин бозигари ҷавон,  Алихонов Хурсан аз дастаи “Хоруғ” беҳтарин дарвозабон ,  Бутабеков Гулзор аз дастаи “Алмос” беҳтарин дифоъгар Каримов Амин аз дастаи “Юниор” беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Баъд аз бозии футбол, тибқи анъана барномаи фарҳангӣ сурат гирифт. Ин барномаи фарҳангиро гимнасти ҷавон бо як рақси зебо оғоз кард. Сипас духтаракон аз гурӯҳи Wonder Girls баромад намуда тамошобинонро бо рақси варзишӣ ба ҳайрат гузоштанд.

Ҳамчунин, ансамбли “Нур” бо рақси миллии помирӣ барномаи фарҳангиро идома дод.

Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфт.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ