06:32 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Акс

Аксҳо аз макони суқути ҳавопаймо дар Украина: аксари сарнишинон курсантҳо буданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
166 0 0
  • Ҳавопаймо бо 28 сарнишин ба садама дучор шуд
  • Антон Герашенко муовини вазири корҳои дохила марги 22 сарнишинро тасдиқ кард
  • Аҳволи яке аз ҷароҳатбардоштагон вахим арзёбӣ мешавад
  • Гуфта мешавад, ҳавопаймо аснои фурӯд омадан ба садама дучор шуд
  • Ҳавопаймо парвози таълимӣ анҷом дода буд
  • Ҳоло сабаби асосии суқути ҳавопаймо дақиқ мешавад
  • Ин ҳавопаймо бо 28 сарнишин парвози талимӣ анҷом дода буд
  • Аснои фуруд омадан, ҳавопаймо ба садама дучор шуд
  • Сарнишинон бештар курсантҳо буданд
  • Суқути ин ҳавопаймо дар вилояти Харкови Украина ба вуқуъ пайваст
  • Аз миёни сарнишинон чаҳор нафар бедарак шуданд
  • Гурӯҳҳои наҷотбахшон ҷустуҷӯи бедаракшудагонро идома дорад
  • То дақиқ шудани омили сар задани садама, жар украина парвозҳи ҳавопаймои Ан - 26 мутавақиф гардид
© AP / Emergency Situation Ministry
Ҳавопаймо бо 28 сарнишин ба садама дучор шуд

Бегоҳи рӯзи 25 - уми сентябр дар вилояти Харковаи Украина ҳавопаймои Ан - 26 ба садама дучор шуд. Бар асари суқути ҳавопаймо чандин нафар ҳалоку захмӣ ва бедарак шуданд

Ҳавопаймои Ан - 26 бо 28 нафар халабон дар вилояти Харкова суқут кард. Гуфта мешавад дар дохили ҳавопаймо бештар курсантҳо қарор доштанд.

Ҳавопаймо низ парвози таълимӣ анҷом дод ва аснои фурӯд омадан ба садама дучор шуд.

Муовини вазири умури дохилаи Украина дирӯз дар сафҳаи Фейсбукии худ навишт, ки 22 нафар  аз сарнишинони ҳавопаймо ҷон бохтанд.

Ҳеҷ касе наҷот наёфт: дар Эрон ҳавопаймои украинӣ суқут кард – акс аз ҷои ҳодиса

Аз ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар ҷон ба саломат бурданд. Аммо пизишкон вазъи як нафар ҷароҳатбардоштаро бисёр вахим арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, бар асари суқути ҳавопаймо чаҳор нафар бедарак гардиданд.

Феълан гурӯҳи наҷотбахшон 4 нафари гумшударо ҷустуҷӯ доранд.

Барчаспҳо:
суқут, ҳавопаймо, Украина

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ