13:44 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Акс

Хаймазанӣ ва эътирозҳои густурда дар Қирғизистон - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
336 0 0
  • Садҳо ҷонибдорони Садир Жопаров ба хотири пуштибонӣ намудан аз ӯ назди бинои ҳукумат гирд омаданд
  • Сокинони Ош дар майдони марказӣ ба хайма задан омодагӣ мебинанд
  • Тарафдорони номзад ба сарвазири Қирғизистон Садир Жопаров назди бинои ҳукумат дар Бишкек ҷамъ омаданд
  • Зимнан, тарафдорони кишвардори феълӣ Сооронбой жээнбеков низ ба хотири дастгирӣ намудани ӯ ба майдон рехтанд
  • Кормандони мақомоти ҳуқуқ барои ҷилавгирӣ намудан аз бесарусомониҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд
  • Раиси шаҳри Бишкек, ки рӯзи 6 уми октябр ба истеъфо дод, назди эътирозгарон баромад намуд. Азиз Суракматов тасмим гирифт боз сари вазифа баргардад
  • Ҷонибдорони Сооронбой Жээнбеков низ дар Ош барои иштирок дар эътирозҳо  самти майдон равона ҳастанд
  • Гурӯҳои ихтиёриён барои ҷилавгирӣ аз бетартибиҳо назди бинои ҳукумат саф кашидаанд
  • Шаҳрвандони маҳаллӣ назди идораи раиси шаҳри ош хаймаҳо оростанд
© REUTERS / Vladimir Pirogov
Садҳо ҷонибдорони Садир Жопаров ба хотири пуштибонӣ намудан аз ӯ назди бинои ҳукумат гирд омаданд

Сар аз 6 - уми октябр, аниқтараш аз замони анҷоми интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон, вазъият ноором шуд

Дар пайи муташанниҷ гардидани вазъият сарвазир ва раиси шаҳри Бишкек ба истеъфо рафтанд.

Зимнан, имрӯз раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков низ изҳор дошт, ки омодааст ба истеъфо равад.

Гузашта аз ин, раисиҷумҳури Қирғизистон дар пайи бетартибиҳои рӯзҳои охир дар шаҳри Бишкек, ҳолати изтирорӣ эълон кард.

Таъкид шудааст, ки ҳолати мазкур дар пайи бетартибиҳо ва таҳдиду зӯроварӣ нисбати одамон эълон шуда, ҳадафи он истисноан ҳифзи манфиат, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон мебошад.

Раисҷумҳури Қирғизистон эълон кард барои музокира бо мӯътаризон омодааст

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон 4 октябри соли равон бо иштироки 56,5%-и раъйдиҳандагон интихобот баргузор шуданд. Дар пайи эълони натиҷаҳои интихобот мавҷи эътирозҳо сар зад.

Баъдар Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаҳои раъдиҳиро бекор карда, таъкид карда буд, ки санаи интихоботи ҷадид дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
акс, эътироз, Қирғизистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ