14:54 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Акс

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон чигуна ҷараён дорад - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
300 0 0
  • Дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд
  • Интихобкунандагон то кушода шудани ҳавзаҳои интихоботӣ, аллакай дар навбат истода буданд. Ҳама ниқоби тиббӣ дошта, қабл аз вориди ҳавзаҳо шудан ҳарорати бадани онҳо санҷида мешуд
  • Ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур ва сокини маҳаллӣ, ки дар қуттии овоздиҳӣ раъяшро гузошт
  • Кишвардори феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт ҳозими участкаи интихоботӣ шуд ва ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ, овоз дод
  • Ҷавонон дар даст шиори Ҳама ба интихоботдошта, дар кӯчаҳои пойтахт мардумро барои иштирок ба ин маърака даъват мекунанд
  • Интихобкунандагон ба навбат вориди ҳавзаҳои интихоботӣ шуда, аз панҷ довталаб ба мақоми раёсатҷумҳурӣ якеро интихоб мекунанд
  • Берун аз ҳавзаҳои интихоботӣ ҳатман намояндае аз Вазорати тандурустӣ қарор дошта, ҳарорати бадани интихобкунандаҳоро месанҷанд
  • То соати 11 - и рӯз беш аз 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба учаткаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, раъй доданд
  • Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон то соати 15 ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада раъйгузорӣ намуданд
  • Интихобот бо риоя шудани тадобирҳои бехатарӣ баргузор мешавад
  • КМИР изҳор дошт, ки беш аз 70 дарсади интихобкунандагон раъйи худро гузоштанд ва интихобот баргузоршуда эълон шуд
  • Бар тибқи қавонини Тоҷикистон, роҳбари давлат боз барои 7 соли оянда интихоб мешавад
  • Рустам Латифзода яке аз довталабон ба мансаби президентӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ овоз дод
  • Раъйгузории яке аз интихобкунандагон дар шаҳри Душанбе
  • Ҳавзаи интихоботии № 2 дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ
  • Интихобот бо риоя шудани тамоми чораҳои пешгирикунанда дар замони пандемия ҷараён дорад
  • Ҳарорати бадани интихобкунандаро қабл аз вориди толор шудан дар берун санҷида мешавад
© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд

Дар Тоҷикистон интихоботи шашуми президентӣ баргузор мешавад. Sputnik Тоҷикистон кӯшиш намуд беҳтарин аксҳоро аз раванди интихобот гирд орад

Дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Қабл аз оғоз шудани кори ҳавзаҳои интихоботӣ, овоздиҳандаҳо аллакай дар берун навбатпоӣ мекарданд.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

Чун интихоботи президентӣ дар замони пандемия сурат гирифт, аз ин рӯ, интихобкунандагон дастпӯш ва ниқоби тиббӣ дошта, қабл аз вориди толори овоздиҳӣ шудан, дар берун намояндагони тандурустӣ ҳарорати бадани онҳоро месанҷиданд.

Маълум аст, ки то ҳол 70 дарсади шаҳрвандон баҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй гузоштанд.

Бар тибқи қавонини кишвар, роҳбари  давлат акнун барои 7 соли оянда интихоб мешавад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
акс, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ