14:55 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Акс

Обхезии шадид дар Ветнам: 20 нафар фавтиду 14 каси дигар бенишон шуданд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0
  • Шаҳри Хюэ бар асари боронгариҳои шадид зери обхезӣ монд
  • Музофоти куангтрии Ветнам низ зери об монд
  • Наҷотбахшон тариқи чархбол моҳигиронро, наҷот медиҳанд
  • Моҳигирон замони обхезӣ дар дарё монданд ва наҷотахшон онҳоро берун оварданд
  • Шаҳри Хойан низ зери об монд
  • Ба имдоди сокинони музофоти Куанг Бин наҷотбахшон бо қаиқҳо омаданд
  • Манзилҳои истиқоматӣ аз сабаби зери об мондан, вайрону валангор гардиданд
  • Заминҳои зери об рафта дар шаҳри Хюэ
  • Деҳае дар музофоти Куангтрии Ветнам зери об монд
© AFP 2020 / Hoang Anh
An aerial picture shows Hue city, submerged in floodwaters caused by heavy downpours, in central Vietnam on October 12, 2020.

Бар асари обхезии шадид дар Веитнам, дасти кам 20 нафар ҷон аз даст дода, ҳамчунин 14 каси дигар беному нишон гардиданд

Дар Ветнам боронгариҳои шадид обхезӣ ба бор овард, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, бар асари ин ҳодиса 14 нафар беномунишон гардиданд. Деҳу музофотҳои зиёд зери об монданд. Наҷотбахшон барои имдод расондан ба аҳолии зарардида, аз чархболу қаиқҳо истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, об музофоти марказии Куангнамро иҳота намудааст. Ҳукуматдорон наздики 50 ҳазор нафарро аз макони ҳоиса ба ҷойҳои амнтар кӯч доданд.

Беш аз 30 ҳазор хонаву иншоотҳо зери об монда, вайрону валангар шуданд. Инчунин интиқоли неруи барқ низ мутаваққиф шудааст ва заминҳо кишт ҳам комилан хароб гаштанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳовошиносон мегӯянд, боришоти борон давоми як шабонарӯзи дигар идома меёбад ва ба эҳтимоли зиёд, масоҳати заминҳои зери обмонда боз афзоиш меёбад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ