15:11 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Акс

Эътирозгарон талаб карданду кишвардор пазируфт: Жээнбеков истеъфо дод - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0
  • Онҳо дар назди бинои меҳмонхона даст ба эътироз заданд
  • Як қисмати дигари эътирозгарон назди бинои ҳукумат дар шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд
  • Дар назди меҳмонхона ба хотири таъмини саломатии эътирозгарон ба онҳо ниқобҳои тиббӣ тақсим гардид
  • Садҳои нафар истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд
  • Жээнбеков пас аз мулоқоташ бо Жопаров тасмими ниҳоияшро эълон намуд
  • Кишвардори Қирғизистон пас аз се соли роҳбарии ҳукумати ин кишвар, имрӯз истеъфо дод
  • Ӯ гуфт, намехоҳам кишвардоре бошам, ки хуни ҳамватани худро резонам
  • Пас аз эълони истеъфо додани Жээнбеков, ҷонибдорони Жопаров ҳамдигарро оғуш кашида муборакбодӣ мекарданд
  • Ба эътирозгарон дар назди меҳмонхона дар баробари ниқоби тиббӣ ҳамчунин нон ҳам тақсим шуд
  • Хабари ба истеъфо рафтани Жээнбековро аксари шаҳрвандони ин кишвар хуш пазируфтанд
  • Жээнбеков часнд рӯз қабл аз интихоб шудани Жопаров ба маснади сарвазирӣ интиқод кард
  • Президент Жопаровро ба ҳайси сарвазир напазируфт ва онро ғайриқонунӣ хонда буд
  • Аммо ҷонибдорони сарвазири тозатаъин дастаҷамъона истеъфои Жэнбековро талаб намуданд ва муваффақ ҳам шуданд
© Sputnik / Alexey Maishev
Онҳо дар назди бинои меҳмонхона даст ба эътироз заданд

Ҷонибдорони сарвазири тозатаъин Садир Жопаров истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд. Онҳо назди меҳмонхонаи "Иссик - Кул" ва бинои ҳукумат гирд омада буданд

Пас аз эътирозҳои густурда дар  чанд рӯзи ахир, президент Сооронбой Жээнбеков имрӯз аризаи ба истеъфо рафтани худро пешниҳод кард.

Жээнбеков изҳор доштааст, ки якпорчагӣ ва муттаҳидии шаҳрвандони Қирғизистон афзалтар аз ҳар гуна мақому қудрат мебошад.

Ӯ гуфт, намехоҳад дар хунрезии ҳамватанони худ даст дошта бошад.

"Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте бошам, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам", - таъкид доштааст Жээнбеков.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Барчаспҳо:
акс, истеъфо, Сооронбой Жээнбеков

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ