04:11 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Акс

Ҷаззобтарин занони Русия - 12 акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
1350 0 0
© Sputnik / Maksim Blinov
Узви гурӯҳи "Винтаж" Анна Плетнева дар шабнишинӣ ба муносибати 100 духтари ҷаззобтарини Русия.

Маҷаллаи MAXIM феҳристи зеботарин ва ҷаззобтарин духтарони Русияро нашр кард

Маҷаллаи MAXIM рейтинги ҷаззобтарин духтарони Русияро нашр кард. Ба ин рӯйхат 100 духтари зебо, ки бо шоу-бизнес алоқамандӣ доранд, ворид шуданд.

Феҳрист дар ду давр - дар асоси овоздиҳии хонандагон ва баҳогузории доварон тартиб дода мешавад.

Ин бор MAXIM танҳо дидгоҳи хонандагонро нашр кардааст. Рейтинги ниҳоӣ моҳи декабр пешкаш хоҳад шуд.

Ҷойи аввалро дар феҳристи ҷаззобтарин духтарони Русия узви гурӯҳи "Винтаж" Анна Плетнева гирифт.

Мақоми дуюмро овозхон Олга Серябкина аз худ кард.

Сегонаи аввалро Настя Каменских ҷамъбаст кард.

Ҳамчунин ба даҳгонаи зеботарин духтарони Русия ҳунарманд - Любов Новикова-Аксенова, овозхон Елена Темникова, кинематограф Наталя Рудова, ҳунарпеша ва муҷрии барномаи телевизионӣ Мария Горбан ва Яна Кошкина, сарояндаҳо Вера Брежнева ва Татяна Котова дохил шуданд.

Барчаспҳо:
занон, Русия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ