05:21 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Акс

Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
645 0 0
  • Норизогии шаҳрвандони Эронро нашри тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммад (с) барангехт
  • Садҳо эрониҳо бо шиору навиштаҷотҳо ба кӯчаҳо рехтанд
  • Онҳо дастаҷамъона назди сафорати Фаронса дар Эрон гирд омаданд
  • Бо нишони эътироз аксҳои кишвардори Фаронсаро хароб мекарданд
  • Дар ин раҳпаймоӣ теъдоди зиёди ҳам занону ҳам мардон иштирок намуданд
  • Аксҳои Эммануэл Макронро оташ мезаданд
  • Зимнан, бо шиорҳои дигар ба Пайғамбар Муҳаммад изҳори муҳаббату эътиқод менамуданд
  • Эммануэл Макрон пас аз қатли профессори коллеҷ аз кулли фаронсавиҳо хост, то карикатураҳои пайғамбарро дар идораҳои давлатӣ овезон кунанд
  • Марҳум омӯзгори фанни таърихи яке аз коллеҷҳои Фаронса буда, ба донишҷӯёнаш тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммадро нишон медод
  • Пас аз ин, ҷасади омӯзгорро назди коллеҷ дарёфт намуданд, ки сари  ӯ аз танаш ҷудо буд
  • Зимнан, Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки Фаронса ба ҳеҷ ваҷҳ аз карикатураҳо даст намешавад
  • Изҳороти Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон шуд. Аз ҷумла кишвардори Туркия Эрдуғон аз Макрон даъват намуд, ки ҳолати равонаии худро санҷад. Рамазон Қодиров бошад Макронро террористи рақами як гуфт
© AP / Ebrahim Noroozi
Норизогии шаҳрвандони Эронро нашри тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммад (с) барангехт

Мардуми Эрон нисбат ба ҳаводиси охир, ки дар Фаронса рух дод, ба намуди эътироз дар назди сафорати ин кишвар дар Теҳрон ҷамъ шуданд

Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд. Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.

Эрониҳо бо нишони эътироз аз назари таҳқиромези Макрон ба дини ислом ва Пайғамбар Муҳаммад ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо дастаҷамъона то сафорати Фаронса дар Эрон омада, бо шиорбардорӣ ва садо баландкунӣ, дархости адолат мекарданд.

Шаҳрвандони норизо ба таври ошкоро аксҳои кишвардори Фаронса Эммануэл Макронро зери по мекарданд ва месӯзонданд. Зимнан бо боло кардани шиорҳо бобати бузургии Пайғамбар Муҳаммад (с) нисбати ӯ изҳори муҳаббат ва эътиқод менамуданд.

Қаблан, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби хашми миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард.

Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

Ӯ таъкид намуда буд, ки ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фард новобаста аз мақом ба шиддат маҳкум ва мардуд мешавад.

Ёдовар мешавем, нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.

Барчаспҳо:
акс, эътироз, Эрон, Фаронса

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ