23:26 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Акс

Муруре ба таърих: 7 акси ҷолиб аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

Гирифтани линки кӯтоҳ
443 0 0
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
Дафтари матбуоти президент
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

Дар Тоҷикистон президентро санаи 11-уми октябр барои 7 сол интихоб карданд. Интихоботи президентии қаблӣ дар кишвар 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Мардум 84,23 дар сад овозашонро ба Эмомалӣ Раҳмон дода буданд

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон он замон 16 ноябр пуршукӯҳ баргузор карда шуд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.

Бо эълони наттоқ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуда буд.

Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба болои подиум баромада, баъди эълони наттоқ мутобиқи Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса намуд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуда буд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ