15:50 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Акс

Биноҳои фурӯрафта ва хиёбонҳои зери об монда: Туркия ва Юнон пас аз заминҷунбӣ - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0
  • Пулиси Измир низ ба гурӯҳҳои имдодрасон пайваст ва ҷасади қурбониён ва захмиёнро ахз зери харобаҳо берун меоранд
  • Бар асари заминҷунбии шадид теъдоди зиёди худравҳо низ хароб гардиданд
  • Наҷотбахшон дар пайи пайдо кардани захмиён ва ҷасади қурбониён ҳастанд
  • Заминларза дар Юнон бинои калисоро хароб намуд. Як қисми бинои калисо ба замин рехт
  • Дар Измир теъдоди зиёди бинову иншооотҳо дар ҳоле фурӯ рехт, ки дохили он одамони зиёд қарор доштанд
  • Заминҷунбӣ ҳамчунин дар пай обхезии шадид ба бор овард
  • Наҷотбахшон аллакай аз пайи рафъ кардани оқибатҳои нохуши ин офати табиӣ ҳастанд
  • Ҷазираи Самос дар Юнон низ аз ин офати табиӣ сахт хисорот дид
  • Биноҳои зиёд дар Измир ба таври даҳшатбор ба замин яксон шуданд
  • Обхезӣ аз ҳама беш дар ҷазираи Самоси Юнон ба вуқӯъ омад
  • Худи сокинони маҳаллӣ ба гурӯҳҳои наҷотбахш дар пайдо кардани наздиконашон камари ҳиммат бастанд
  • Ба ҷузъ аз обхезӣ, биноҳои зиёд дар ҷазираи Самос рехтанд
  • Корҳои барқарорсозӣ дар Измири Туркия ҳамоно идома доранд
  • Хиёбону роҳравҳо дар ҷазираи Самос комилан зери об монданд
© AP / Darko Bandic
Пулиси Измир низ ба гурӯҳҳои имдодрасон пайваст ва ҷасади қурбониён ва захмиёнро ахз зери харобаҳо берун меоранд

Юнон ва Туркия аз заминҷунбии ахир сах хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ диданд. Шумораи қурбониёну ҷароҳатбардоштагон ҳамоно рӯ ба афзоиш аст

Заминларзаи 7 - балла, ки Измири Туркияро такон дод, шиддати он то ба Юнон расид.

Бар асари ин офати табиӣ тибқи маълумоти ахир дасти кам 42 нафар қурбон шуда, беш аз 800 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ҷазираи Самоси Юнон пас аз заминларза зери обхезии шадид монд.

Душанберо заминларза такон дод

Дар Измиру Юнон чандин бинову иншоотҳо ба замин яксон шуданд. Аз ҷумла, як қисмат бинои калисое дар Юнон ба замин рехт.

Наҷотбахшон дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ то ҳол дар зери овораву харобаҳо захмиёну қурбониёнро ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар робита ба ин офати табиӣ аксари кишвардорон ба президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Барчаспҳо:
акс, заминҷунбӣ, Юнон, Туркия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ