22:09 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Акс

Интихобот Амрико ба поён мерасад: Байден нисбат ба Трамп пешсаф аст - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
489 0 0
  • Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ дар Интихоботи раёсатҷумҳури Амрико
  • Сухаронии Ҷо Байден ҳангоми маъракаи интихоботӣ дар Амрико
  • Ҷо Байден, номзади ба курсии раисҷумҳури Амрико аз ҳизби демократ
  • Ҷо Байден ҳамроҳи  ҳамсараш дар иолоти Делавэр
  • Суҳбати номзад ба курсии раисҷумҳур аз ҳизби демократҳои Амрико бо мардум
  • гуфтугӯи Байден бо собиқ раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев
  • Дастфишори Владимир Путин ва Ҷо Байден
  • Сенатор Ҷозеф Байден, акс снаи 14 апрели соли 1975 аксбардорӣ шудааст
  • Байден ҳамроҳи писаронаш Бо ва Хантер во ҳамсари ояндааш Ҷилл
  • Суханронии Байден дар зинапояҳои ёдбуди Линколн
  • Байден бо ҳамсараш ҳамроҳ бо Барак ва Мишел Обама
  • Ҳамроҳии генерали амрикоӣ Ричард Роу Барак Обама ва Ҷо Байден
© AP / Andrew Harnik
Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ дар Интихоботи раёсатҷумҳури Амрико

Охирин омори расмии натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 дар Амрико нишон медиҳад, ки Ҷо Байден бо 264 овози интихобӣ аз Доналд Трамп пеш гузаштааст

Ба нақл аз Фокс нюз, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Байден 16 раъйи иёлати ҳассоси Мичиганро аз они хеш кард то ихтилофи худро бо Трамп афзоиш диҳад.

Байден дар сурате, ки битавонад 6 раъйи иёлати Невадаро ба даст оварад, калиди Кохи сафедро аз Трамп дарёфт хоҳад кард.

Трамп, ки то баъд аз зуҳри чаҳоршанбе шанси бисёре барои мондан дар Кохи сафед дошт бо аз даст додани раъйҳои Мичиган ва Вискансин, умедҳояш коҳиш ёфт.

Аз сӯи дигар, бархе коршиносон ду рӯз то ҳатто як ҳафтаро барои эъломи натиҷаи ниҳоӣ пешбинӣ карда ва иллати онро тӯлонӣ шудани шумориши раъйҳои постӣ донистаанд, ки ин бор ба далели ҳамагирии вируси корона дар муқоиса бо давраҳои қаблии интихоботи Амрико бисёр зиёд будааст.

Нозирон мӯътақиданд, ки бештари раъйҳои постӣ аз он Демократҳо ва тарафдорони Байден аст.

Бархе коршиносон низ бо тавваҷӯҳ ба рафтори номаъмулу изҳороти тунд ва хашини номзадҳои интихоботи Амрико, эҳтимоли даргириҳо дар шаҳрҳои мухталифи ин кишварро баъд аз  эъломи натоиҷро додаанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ