23:38 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Акс

Барфи аввал дар Душанбе: гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
42310
  • Барфи аввал дар Душанбе
  • Барф майдончаи бозии кӯдаконро сафедпӯш кард
  • Дар роҳравҳои Душанбе аллакай барфи аввал об шуд
  • Намои Қасри Миллат дар зимистон
  • Барфи аввал дар Душанбе
  • Намои Театри миллӣ дар зимистон
  • Намои бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар зимистон
  • Барфи аввал гулгаштҳоро сафедпӯш кард
  • Баъзан намои зимистонӣ афсонавӣ метобад
© Sputnik / Амир Исаев
Барфи аввал дар Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон бори аввал дар соли равон барф борид. Барфи аввал ҷодаҳои пойтахтро сафедпӯш кард, ки метавонед дар ин суратгузориш тамошо намоед

Барфи аввал дар пойтахти Тоҷикистон субҳи рӯзи шанбе борид. Ҳавошиносон мегӯянд, сардиҳо дар рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Барфи аввал дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон гуфтанд, ҳарорат дар кишвар то  8-10 дараҷа пешбинӣ шуда, борон ва барф сар мешавад.

Масъулин инчунин таъкид карда буданд, ки дар баробари ин, дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар туман мефарояд. Аз шаҳрвандон даъват карда шуд, ки зимни сафар дар чунин шароит эҳтиёткор бошанд.

Сокинон мегӯянд, барфи аввал пойтахтро сафедпӯш карда, гулгашту ҷодаҳоро намои афсонавӣ бахшид. Аммо аллакай дар нимаи рӯз дар бисёре аз роҳравҳо барф аллакай об шуда буд.

Гузориши аксӣ аз Душанбе дар рӯзи барфрезии аввалро дар гузориши тасвирии  Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Барчаспҳо:
барфи аввал, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ