08:54 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
© Sputnik / Maksim Blinov
Худрави низомии Русия дар қитъаи роҳи долони Лочин

Амният дар Қарабоғи Қӯҳӣ аз сӯи сулҳбонони рус таъмин мешавад: гурӯҳи сулҳбонон аз ҳисоби бригадаи нерӯҳҳои ҳавобурди Русия аз минтақаи Уляновск омода шудааст

Бо шарофати сулҳбонони рус долони Лочин боз барои аҳолии маҳалӣ дастрас аст.

Ин роҳ шаҳри армании Горисро бо Степанакерт мепайвандад.

Мақсади асосии нуқтаҳои назоратӣ дар долони Лочин, ин таъмини амнияти мардумони бегуноҳ ва назорати оташбас дар минтақа аст.

Ин иқдом ҳаракати мошинҳо дар роҳи долони Лочин имконпазир кард. Аввалин мошинҳо аллакай дар ин роҳ ҳаракатро шурӯъ карданд. Дар ояндаи наздик интизор меравад тавассути ин роҳ муҳоҷирон ба хонаҳои худ баргарданд.

Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа,

Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ