19:15 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Акс

Омодагӣ ба ҷашни соли нави мелодӣ - 2021 дар шароити паҳншавии вируси корона

Гирифтани линки кӯтоҳ
691 0 0
  • Рамзҳои соли нави мелодӣ дар кӯчаи Тарас Шевченкои, Маскав наздикии меҳмонхонаи Украина
  • Дар соли 2020 қоидаи суҳбат бо Бобои барфӣ иваз шуд. Дар шаҳри Олборги Дания Бобои барфӣ дар курраи шишагин нишаста бо кӯдакон суҳбат дорад
  • Тамошобини танҳо дар мағозаи туҳфаҳо дар Рим
  • Сокинони Сеул бо ниқобҳои ҳимоятӣ аз наздикии рамзҳои солинавӣ мегузаранд
  • Дар мағозаҳои Юнон шаъмҳо Бобои барфӣ бо ниқоби тиббӣ ба фурӯш гузошта шуд
  • Дар ҷопон Бобои барфӣ пеши моҳиҳо рафт
  • Зан дар Вена дар кӯча нишонаҳои солинавиро акс мегирад
  • Дар Ню-Йорк ҳам ба фарорасии соли нави мелодӣ омодагӣ гирифтанд. намоишҳои ҷолиб дар яке аз мағозаҳо
  • Новобаста аз паҳншавии вируси корона сокинони Венесуэло ба фарорасии соли нави мелодӣ хушҳолӣ мекунанд
  • Аксбардории як зан дар кӯчаи машҳури Лондон, Оксфорд стрит
  • Бозии кӯдакон дар Олмон бо барфи сунъӣ
  • Арчаи солинавӣ ва бозичаҳои гуногунранг марказҳои савдои Торонторо зебо карданд. Аммо бино бар маҳдудиятҳо ин зебоиҳоро на ҳама имкон доранд бубинанд.
  • Мард саҳначаи аҷиби солинавиро дар Порис аксбардорӣ дорад.
  • Ба далели паҳншавии вируси корона дар кӯчаву хиёбонҳои Сюрих мардумони кам ба назар мерасад
  • Дар Рио-де-Жанейро барои суҳбати кӯдакон бо Бобои барфӣ тарзи бисёр осон пайдо карданд. Кӯдакон бо Бобои барфӣ ба сурати маҷозӣ суҳбат мекунанд
  • Дар боғи Шоҳонаи шаҳри Мадрид метавон гаштугузорӣ солинавӣ кард
  • Бозичаи бузурги солинавӣ дар кӯчаи Тарас Шевченкои шаҳри Маскав
© Sputnik / Евгений Одиноков
Рамзҳои соли нави мелодӣ дар кӯчаи Тарас Шевченкои, Маскав наздикии меҳмонхонаи Украина

Дар арафаи соли нави мелодӣ -2021 дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон кӯчаву хиёбонҳо бо бозичаву арчаҳо ва муҷасамаву чароғҳо гуногун оро дода мешаванд. Ин бисёр зебо ба назар мерасад.

Ба фарорасии соли нави мелодӣ зиёдтар аз як моҳ мондааст, аммо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон саргардониҳои соли навӣ оғоз шудааст. 

Миллионҳо нафар дар саросари олам аз Соли нави мелодӣ, таҷлил хоҳанд кард. Таҷлили Соли нави мелодӣ ба таърихи 31-уми декабр рост меояд аммо саргардониҳо аз имрӯз оғоз шудаанд.

Тамоми мағозаву кӯчаҳо ба таҷлили соли нав омодагӣ гирифтанд. Рамзҳои солингавӣ дар ҳар қадам ба назар мерасад. Барои мисол дар пойтахти Русия арчаи солинавӣ чанде пеш гузошта шуд ва симои Маскав комилан тағйир ёфтааст.

Тоҷикистон низ имсол ба таҷлили соли нави мелодӣ омодагӣ гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон имсол эълон доштанд, ки ба далели паҳншавии вируси корона дар кишвар тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар кишвар манъ мебошад.   

Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст. Вале пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва ба хусус таҳкими ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ, пешниҳодҳое низ ҷой доранд, ки ҷашни Соли нав таҷдиди назар шавад.

Аксари мардум ҳамакнун Наврӯзро, ки ба 21 март рост меояд, ҷашни муҳим ва оғози сол арзёбӣ мекунанд. Мақомот низ дар чанд соли ахир бештар ба таҷлили ин иди ниёгон таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ