18:10 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Акс

Эътирозҳои нав дар Париж: пулис продюсери сиёҳпӯстро лат карду хашми мардумро хезонд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
348 0 0
  • Ҳазорҳо сокинони норизо барои дастгирӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд
  • Эътирозгарон аз бархӯрди кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст амиқан изҳори нигаронӣ мекуннад
  • Эътирозҳо дар Фаронса аллакай дуюмин ҳафтаи рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд
  • Муносибати нохуби кормандони пулис ба муҳоҷирони сиёҳпӯст борҳо хашми мардумро хезонда буд
  • Дар эътирозҳои густурда дар баробари сиёҳпӯстҳо теъдоди сафедпӯстон низ кам нест
  • Онҳо бо пиёда намудани эътирозҳо онҳо дархости поймол нашудани ҳуқуқи муҳоҷирони сиёҳпӯстро доранд
  • Эътирозгарон чандин мошинҳоро оташ заданд
  • Дар макони эътирозҳо кормандони пулис низ саф кашидаанд
  • Барои пароканда намудани мардуми норизо, кормандони пулис аз гази ашковар истифода намуданд
  • Вазъият дар робита ба эътирози мардум дар Фаронса ниҳоят нигаронкунанда аст
  • Рӯзҳои шанбе ва якшанбе теъдоди эътирозгарон боз бештар гардид
© Sputnik / Dominique Boutin
Ҳазорҳо сокинони норизо барои дастгирӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд

Лаҳзаи лат шудани продюсери сиёҳпӯст аз ҷониби кормандони пулис, наворбардорӣ шуд ва ҳазорҳо мардум барои ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд

Ҳазорон нафар дар Париж пас аз латукӯб шудани продюсери сиёҳпӯст даст ба эътироз заданд.

Эътирозҳои густурда дар Фаронса аллакай дуюмин рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд. Ду рӯзи гузашта сафи эътирозгарон боз зиёдтар буд.

Онҳо барои ибрози нигаронии худ дар кӯчаҳо ба харобкориҳо даст мезанад, аз ҷумла мошинҳои зиёдро оташ зада, шаҳрро дар гирдоби оташу дуд қарор доданд. 

COVID-19: ИА дар гирдоби эътирозҳо алайҳи маҳдудияту дуркориҳо қарор гирифт - навор

Пулис барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода мекунанд.

Ингуна муносибати нохуби кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст маротибаи нахуст набуд, чанде пеш низ як сиёпӯстро се пулиси фаронсавӣ то ҷон бохтан буғӣ карданд.

Он замон низ эътирозшои густурда ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон аз Фаронса сар шуда ба дигар кишварҳои аврупоӣ интиқол ёфт.

Барчаспҳо:
акс, эътироз, Париж

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ