15:29 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Акс

Миёни ҷангу сулҳ: гузориши аксӣ аз Қарабоғи куҳӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0
  • Хонаи харобшуда дар шаҳри Мартакерт дар Қарабоғи куҳӣ
  • Мардон дар яке аз ҳуҷароҳои хонаи худ дар шаҳри Мартекарт дар Қарабоғи куҳӣ
  • Сокини маҳаллӣ қӯтӣ бо кумаки башардӯстонаро ба хонааш бурда истодааст
  • Низомиёни Русия кумаки башардӯстонаро дар шаҳри Мартакерт аз мошин фароварда истодаанд
  • Зан ҳангоми пӯшидани рӯйи нон дар шаҳри Мартакерт
  • Сокинони маҳаллӣ кумаки башардӯстонаро интизоранд
  • Зане дар наздикии хонаи тахрибшуда дар шаҳри Мартакерт дар Қарабоғи куҳӣ
  • Тақсими кумаки башардӯстона аз ҷониби низомиёни Русия
  • Тақсимоти кумаки башардӯстона дар Қарабоғи куҳӣ
  • Занони солхӯрда дар шаҳри Мартакерт дар Қарабоғи куҳӣ
  • Кӯдаке дар фарши хонааш дар шаҳри Мартакерт дар Қарбоғи куҳӣ
  • Сокинони маҳаллӣ дар интизори кумаки башардӯстона дар шаҳри Мартакерт
  • Беморхонаи саҳроии низомиёни Русия дар наздикии шаҳри Степанакерт
© Sputnik / Valeriy Melnikov
Хонаи харобшуда дар шаҳри Мартакерт дар Қарабоғи куҳӣ

Сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ талош доранд, ба зиндагии осоишта баргарданд. Дар ин кор ба онҳо посдорони сулҳи Русия кумак мекунанд

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ одамон талош доранд, ки зиндагиро пас аз ҷанг барқарор кунанд. Дар як рӯз беш аз 430 гуреза ба хонаҳои худ дар Қарабоғи Кӯҳӣ баргаштанд.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия амнияти ҳаракатро барои сокинон таъмин карданд. Аз Ереван 439 нафар бо автобусҳо ба Степанакерт  оварда шуданд.

Нақлиётро пайроҳадорон ва пулиси ҳарбии нерӯҳои посдори сулҳи Русия ҳамроҳӣ мекарданд.

Русия инчунин расонидани кӯмаки башардӯстонаро ба Қарабоғи Кӯҳӣ идома медиҳад. Аз ҳашт шаҳри Русия 54 вагон бо кӯмаки башардӯстона бо вазни умумии тақрибан 1200 тонна ба Қарабоғ фиристода шуд.

Қаблан ба минтақа се вагони аввалини бор бо вазни беш аз 80 тонна бо ашёи зарурӣ ворид шуда буданд. Наҷотбахшони вазорати ҳолатҳои фавқулода алакай кумаки башардӯстонаро ба ҷойҳои лозима расонидаанд.

Инчунин дар Қарабоғи Кӯҳӣ низоми таъминоти барқ ​​пурра барқарор карда шуд, интиқоли барқ ​​барои беш аз 12 ҳазор нафар таъмин гардид.

Барчаспҳо:
кумаки башардӯстона, сулҳ, ҷанг, Қарабоғи Кӯҳӣ

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ