16:07 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Акс

Локдауни сартосарӣ: дар Бритониё чӣ мегузарад?

Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0
© REUTERS / Hannah Mckay
Навбат дар назди мағозаи Tesco замони паҳншавии коронавирус ва ҳангоми маҳдудиятҳои шадиди нав дар Лондон,

Дар ҳоли ҳозир дар кӯчаҳои шаҳрҳои гуногуни Бритониё чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд, дар аксҳои моро бубинед

Дар Бритониё, шакли нави сироятии коронавирус муайян карда шуд, ки дар робита ба он мақомоти беш аз бист кишвар қарор доданд, ки робитаҳои нақлиётиро бо ин кишвар бастанд.

Дар ин замина, дар худи Британияи Кабир, Мавлуди Исо воқеан бекор карда шуд!

Сар аз  20 декабр дар як қатор минтақаҳо маҳдудиятҳои шадиди карантинӣ ҷорӣ карда шуданд.

Дар асл, дар кишвар маҳдудиятҳои сартосарии шадид ҷорӣ карда, ки он норозигии сокинонро ба миён низ овард

Қаблан Крис Уиттӣ, сардухтури Англия, эълон кард, ки дар Бритониё як шакли нави коронавирус муайян карда шудааст, ки нисбат ба вирусҳои ошкоршуда дар Вуҳан "зудтар паҳн шавад".

Ба гуфтаи олимон, мутатсия ё худ шакли нави коронавируси ошкоршуда дар Бритониё нисбат ба намуди аввали ин вирус 70 дарсад сироятёбандатар аст.

Аммо, то ҳол ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки навъи нави коронавирус боиси марги бештар ё раванди шадиди беморӣ гардад.

Намуди нави COVID аллакай дар дигар кишварҳо - Италия ва Австралия пайдо шудааст.

Дар Британияи Кабир бо сабаби паҳншавии мутатсияи нави коронавирус маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карда мешаванд.

Аз ин сабаб, сарвазири кишвар Борис Ҷонсонро мардум ба Гринч, ки Мавлуди Исоро “дуздидааст”, муқоиса карданд.

Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст

Аммо, бинобар маҳдудиятҳои дарпешистода, бритониҳо кӯшиш карданд, ки Лондонро тарк кунад, ва ин боиси зиёд шудани издиҳом дар фурудгоҳҳо шуд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ