09:45 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Акс

Дидори Муштарӣ ва Зуҳал: ду сайёра баъди 800 сол ба ҳам наздик шуданд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0
© AP / Charlie Riedel
Баҳамоии Муштарӣ ва Зуҳал дар фазои иёлати Канзас

Ҳамроҳшавии бузурги сайёраҳои Зуҳал ва Муштарӣ дар тӯли тақрибан 800 соли охир бори аввал ба ҳам наздик шуданд.

Шаби 21 ба 22 декабр Замин шоҳиди як падидаи беназири астрономӣ буд.

Дар қисматҳои гуногуни сайёра, одамон аз тамоми ҷаҳон имкон доштанд, ки вохӯрии Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кунанд.

Ду сайёраи бузурги аз 17 декабр ба якдигар наздик мешуданд ва танҳо акнун онҳо ба дараҷае наздиканд, ки ба як сайёра монанд шуданд.

Наздикшавии сайёраҳои калонтарини системаи офтобии мо тақрибан дар 20 сол як маротиба ба амал меояд. Аммо танҳо ҳоло онҳо тақрибан якҷоя шуданд.

Бори охир чунин масофаи хурд байни Зуҳал ва Муштарӣ  соли 1226 сабт шуда буд. Тахминан, сайёраҳо баҳори соли 2080 ба ҳамдигар наздик мешаванд, аммо масофа аз як ситора ба ситораи дигар хеле зиёдтар хоҳад буд.

Офтобгирии чанд лаҳзаина ҳамаро дар ҳайрат гузошт - акс

Якҷояшавии кунунӣ ба маротиб аҷибтар шуд, зеро моҳи декабр онҳо хеле дурахшон шуданд. Баъзе аз сокинони Замин тавонистанд ҳодисаи таърихиро тавассути смартфонҳо сабт кунанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ