02:05 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Акс

Харгӯшакҳо ва Бобои барфии савори мушак: руқъаҳои хотирмони даврони СССР чигуна буданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
120 0 0
Руқъаи солинавии "Бобои барфӣ ва кӯдакон санкабозӣ" мекунанд

Тибқи далелҳои таърихӣ, рассомон зиёда аз 100 сол қабл аввалин руқъа ва ё ба истилоҳ "откритка"-и русиро дар мавзӯи Соли нав тасвир карданд

Руқъаҳо ҳамеша рамзи меҳрубонӣ ва ҷашн буданд, ки дар иду айём ба хешовандон ва дӯстон тақдим мешуданд.

Ҳикояе ҳаст, ки аввалин корти солинавии русиро рассом Николай Каразин кашидааст. Тибқи фарзияи дигар, созандаи он директори китобхонаи Академияи санъатҳои императорӣ Фёдор Бернштам буд.

Руқъаҳо бо орзуи муҳаббату хушбахтӣ пас аз расидани Ҳокимияти Шӯравӣ нопадид шуданд. Он гоҳ Мавлуди Исо ва Соли нав мақоми худро ҳамчун ид аз даст доданд.

Кортҳои солинавӣ дар СССР аз солҳои 1920 - 1930 амалан бароварда намешуданд. Худи ид низ ҷашн гирифта намешуд. Аз соли 1930 то 1947, 1 январ рӯзи корӣ буд.

Пас аз чандин сол, дар соли 1939, нашриёти "Санъати тасвирӣ" -и Маскав откриткаи "Соли нав муборак" -ро баровард. Бо шумораи хело маҳдуд.

Кортҳои табрикотии оммавии Шӯравӣ аз соли 1953 истеҳсол мешуданд. Асосан онҳо дар корхонаи "Гознак" чоп мешуданд.

Дар табрикномаҳо рассомон мавзӯъҳои гарму рангинро эҷод карданд. Намунаҳои ҷолибтарин откриткаҳо дар мавзӯи соли нав буданд.

Дар арафаи Соли нав чӣ гуна бояд амал кард

Давраи авҷи истеҳсоли чунин кортҳо ба солҳои 1960 ва 1970 рост меояд. Дар ин вақт, рассомон Владимир Зарубин, Иван Дергилев, Владимир Четвериков дар паҳлӯи Бобои Барфӣ ва Снегурочка ба тасвири дигар қаҳрамонҳои афсонавӣ шурӯъ карданд. Якҷоя бо ҷодугарони маҳбуб хирс, рӯбоҳ, харгӯш, сайг ва дигар ҳайвонот пайдо шуданд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ