15:09 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Акс

Ёдбуди Қосим Сулаймонӣ пас аз як соли маргаш- акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
396 0 0
© REUTERS / Thaier Al-Sudani
Одамон бо парчамҳо дар солгарди якуми марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод

Расо як сол пеш Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд

Нерӯҳои мардумии Ироқ - "PMF" 3 январи соли 2020 изҳор дошта буданд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, 5 узви ин созмон ва "ду меҳмон" кушта шуданд. Яке аз кушташудаҳо Қосим Сулаймонӣ будааст.

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон қатли Сулаймониро аз ҷониби ИМА, террор ва аблаҳӣ хонд ва гуфт, ки ҷониби ИМА посухи Эронро интизор бошанд.

Хабари омодасозии қассоси Эрон барои қатли Сулаймонӣ ва ҳушдори Трамп

Ӯ афзуда буд, ки Сулаймонӣ аз муваффақтарин нерӯ дар мубориза бо созмонҳои террористии "ДОИШ", Ал-Нусра ва Ал-Қоида буда, қатлаш амали хеле хатарнок ва аблаҳона барои муташанниҷ кардани вазъият буд.

Мардум дар Ироқу Эрон аз фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ва эронӣ Қосим Сулаймонӣ ёд карданд.

Барчаспҳо:
Эрон, даргузашт, як сол, ёдбуд

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ