01:31 24 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Акс

Гирдиҳамоии тарафдорони Трамп дар Амрико

Гирифтани линки кӯтоҳ
282 0 0
© Sputnik / Artur Gabdrahmanov
Ҳузури ҳазорҳо тарафдорони Доналд Трамп дар Вошингтон

Дар остонаи тазоҳуроти барномарезишудаи тарафдорони раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, шаҳрдори Вашингтон сарбозони Горди миллиро барои таъмини амният сафарбар кардааст.

Қарор аст, Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузаштаро тасдиқ кунад.

Тарафдорони Трамп эълон карданд, ки рӯзҳои 5-ум ва 6-уми январ барои ҳимоят аз иддаоҳои беасоси раисҷумҳур, ки мегӯяд, дар интихобот тақаллуб шудааст, раҳпаймоӣ мекунанд.

Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ барои тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ раъй медиҳад, ки аксарияташон Ҷо Байденро раиси ҷумҳур баргузиданд. Бо вуҷуди онки мақомоти интихоботии ҳарду ҳизб, губернаторҳо ва вазорати адлияи Амрико гуфтаанд, ки дар интихобот тақаллуб нашудааст, Доналд Трамп иддаои баръакс мекунад ва шикаст дар интихоботро эътироф накардааст.

Барчаспҳо:
тазоҳурот, Амрико

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ