02:52 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Акс

Баргузории ралли "Дакар" дар Арабистони Саудӣ: аксҳои диққатҷалбкунанда

Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0
© Sputnik / Kamazmaster.ru
Маъруфтарин ралли “Дакар” соли дуюм аст, ки дар масири нав - дар регҳои Арабистони Саудӣ баргузор мешавад

Маъруфтарин ралли “Дакар” соли дуюм аст, ки дар масири нав - дар регҳои Арабистони Саудӣ баргузор мешавад

Санаи 2-юми январ дар Арабистони Саудӣ 43-умин ралли "Дакар" оғоз ёфт.

Тақрибан ду ҳафта ронандаҳои автомобилҳо, мотосиклҳо, квадросиклу мошинҳои боркаш пайроҳаро тавассути регҳои биёбони Арабистони Саудӣ убур мекунанд.

Шароити душвори роҳ мусобиқаро махсусан ҷолиб мекунад.

Дар ин ралли ронандаҳои на танҳо ҳирфаӣ, балки ҳаваскорон низ ширкат меварзанд.

Миёни ширкаткунандагон инчунин намояндагони ҷинси латиф низ ҳузур доранд. Дар як бахши ралли дар тӯли 16 сол барои аввалин бор як духтар пирӯз шуд. Вай испанӣ аст ва Кристина Гутиеррес Эрреро ном дорад.

Тибқи натиҷаҳои рӯзи аввали ин мусобиқа, се мошини боркаши "КамАЗ-мастер" бо роҳбарии Дмитрий Сотников пешсафанд.

Барчаспҳо:
саҳро, Арабистони Саудӣ, мусобиқа

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ