19:33 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Акс

Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: занони кадом кишварҳо сатр мепӯшанд, дар куҷо мамнӯъ аст?- акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
1097 0 0
© AFP 2020 / Saeed Khan
Духтари роҳинҷӣ пеш аз намози нисфирӯзӣ дар як мактаби ҳамагонӣ дар Кланги Мянмар

Якуми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб шинохта шудааст. Имсол барои ҳаштумин маротиба аз ин рӯз ҷашн мегиранд. Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар 140 кишвари дунё таҷлил мешавад

Ҳиҷоб-ин навъи сарпӯши занонаест, ки дар фарҳанги мусулмонон роиҷ ва фарз хонда мешавад.

Оғоз аз соли 2013 рӯзи якуми феврал чун Рӯзи ҳиҷоб таҷлил мешавад.

Ин рӯзи занони мусулмон мебошад. Рӯзи ҳиҷоб ҷашни ҷавонест, ки сол то сол дар ҷаҳон шӯҳраташ бештар касб мекунад.

Асосгузори Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб Назмахон, як бангладешитабори муқими Амрикост.

Ин сокини шаҳри Ню-Йорк соли 2013 аз занону духтарон новобаста аз динашон даъват кард, якуми феврал ҳиҷоб пӯшанд. Ҳадафи ин даъват поён додан ба исломбадбинӣ арзёбӣ шуд.

Назмахон, ки дар 11-солагӣ ба Амрико омадааст, чӣ будани табъизро хуб медонад. Ӯро дар мактаб барои ҳиҷоб доштанаш ҳамсабақон “Бэтмен”-у ниндзя мегуфтанд. Бо гузашти солҳо ӯ интернет-мағозаи либосҳои исломиро роҳандозӣ  кард.

Баъди ин аз занону духтарон ҳазорҳо мактуб унвонии вай мерасанд ва аз табъиз шудан мегӯянд. Ҳамин чиз сабаби даъват барои ҷашнгирӣ аз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб мешавад.

Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳар сари чанд вақт баҳсҳо дар бораи манъи ҳиҷобпӯшии занони мусалмон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ авҷ мегиранд. Ҳолатҳои баҳсҳои додгоҳӣ низ сари ин масъала ба назар мерасиданд.

Масалан, дар Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Яман пӯшидани ҳиҷоб на танҳо тибқи қонун ташвиқ карда мешавад, балки ҳатмӣ мебошад.

Дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба пӯшидани ҳиҷоб иҷозат доданд

Дар Тоҷикистон бархе аз мақомҳо сатру ҳиҷобро либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тавсиф мекунанд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле гарм аст. 

Дар Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, баръакс, пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ манъ аст.

Қазоқистон ҳатто барои пӯшидани ҳиҷоб ба андозаи 50 музди ҳадди ақал ҷарима таъин кард.

Дар бисёр кишварҳои Аврупо пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонун мамнӯъ аст.

Аммо на танҳо дар кишварҳое, ки шумораи зиёди шаҳрвандони мусулмон доранд, либоси суннатӣ иҷозат дода нашудааст.

Соли 2004 Фаронса пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои таълимӣ манъ кард.

Ин боиси зиёд гаштани мавҷи норозиён гашт, зеро ин мавқеъ ба нақзи арзиҳои дини Ислом равона шуда буд.
Ин қонун дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: Италия, Испания, Австрия, Белгия, Дания, Булғористон ва Олмон низ қабул шудааст.

Дар Русия ҷанҷоли марбут ба либоси суннатии исломӣ се маротиба авҷ гирифт. Соли 2012, дар қаламрави Ставропол, донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таълимии воқеъ дар минтақаҳои дорои шумораи зиёди аҳолии мусалмон иҷозати пӯшидани ҳиҷобро надоштанд.

Аммо мақомоти Зеландияи Нав ба таври дигар тасмим гирифтанд - духтарони мусалмон, ки дар полис хидмат мекунанд, акнун метавонанд сарпӯши либоси махсус бо ҳиҷоб ба бар кунанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ