12:32 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Акс

Нахустин намоз пас аз "ҳокимӣ"-и корона дар Тоҷикистон - 14 акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
469 0 0
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Верующие на входе в  Центральную мечеть Душанбе
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
  • Открытие мечетей в Таджикистане
Sputnik \ Амир Исаев
Ифтитоҳи масҷидҳо дар Тоҷикистон

Имрӯз пас аз замони маҳдудиятҳои коронаӣ дар Тоҷикистон, дари масҷидҳои кишвар дубора боз шуду мусалмонон пас аз 9 моҳи интизорӣ, нахустин намозро адо карданд

 Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус  баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.

Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.

Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.

Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.

Ёдовар мешавем, дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 9 моҳ намозгузорон имкон пайдо карданд, ки дастаҷамъона ба масҷидҳо рафта, ибодаташонро ба ҷо оранд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ