01:37 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Акс

Венетсияи дигар: обхезии шадид дар Олмон – аксҳо

Гирифтани линки кӯтоҳ
318 0 0
  • Абри болои дарёи Рейн дар Келн
  • Роҳи оҳан дар мавзеи зериобмонда дар Олмон
  • Қу, мурғи обие дар майдони бозии кӯдакон, ки зери об мондааст
  • Чағалак ё худ мурғи дарёӣ дар болои тахтаи роҳнамо
  • Мард ҳангоми аксгирии обхезӣ дар Келн
  • Ҷои бозии кӯдакон, ки зери об мондааст
  • Хонаҳо дар хиёбони зериобмонда дар Олмон
  • Одамон дар наздикии соҳили зериобмонда дар Келн
  • Қатор ҳангоми убур аз роҳи оҳан дар минтақаи зериобмонда дар Олмон
  • Тарабхонаи болои об дар Олмон
© AP / Martin Meissner
Абри болои дарёи Рейн дар Келн

Дар пайи боронҳои дарозмуддат ва обшавии барф дар саросари Олмон обхезӣ сар зада, бархе аз манотиқи ин кишвар ба истилоҳ ба Венетсияи дигар табдил ёфтанд

Дар бархе аз навоҳии Олмон сатҳи оби дарёҳо боло рафта, дар сартосари мамлакат обхезии шадидро ба вуҷуд овардааст.

Бар асоси иттилои расмӣ, сатҳи оби дарёи Рейн дар самти шимол аз шаҳри Келн боло рафта, аз ҷумла Дюсселдорф, Дейсбург ва Везелро фаро гирифтааст.

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

Дар қисмати ҷануби Олмон заминҳои Рейнланд-Пфалтс ва Гессен мавриди обхезӣ қарор гирифтаанд.

Дар пайи болоравии сатҳи об то як муддат инчунин ҳаракати киштиҳо дар дарёи Рейн мутаваққиф шуд, чун ҳаракат аз зери пулҳо аллакай хатарнок шуда буд.

Сокинони ноҳияҳои шарқии Саксония ба ҳимояи манзилҳои истиқоматии худ аз офати табиӣ хеста, гирду атрофи хонаҳояшонро бо халтаҳои хокӣ девор бардоштанд. Дар ин қисмат низ оби дарёи Свёнитс аз соҳил берун рафта, ба хонаҳои мардум таҳдид эҷод кард.

Бар асосии пешгӯии ҳавошиносони олмонӣ, то рӯзҳои истироҳат вазъ метавонад ба далели болоравии сатҳи оби дарёҳо бадтар шавад.

Барчаспҳо:
обхезӣ, Олмон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ