11:03 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Акс

Хашми табиат: сӯхтори дубораи ҷангал дар Австралия - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0
© AP / Brenden Scott/DFES
Сӯхтори ҷангал дар адири Вуролоу, наздики бандари Пертаи Австралия

Пас аз як сол, Австралия боз дар оғуши сӯхтори ҷангал қарор гирифт: оташ бо суръат ба сӯи биноҳои истиқоматӣ паҳн меёбад

Ҷангалҳои Австралия боз ба коми оташ рафтаанд - дар соҳилҳои ғарбии ин кишвар сӯхторҳои ҷангал идома доранд.

Ҳудуди сӯхтор тақрибан 60 километрро ташкил медиҳад. То ҳол, сӯхтор беш аз 6 ҳазор гектар ҷангал ва тақрибан 30 манзилро нобуд кард.

Оташ ба шаҳрҳо наздик шуда истодааст ва сокинони маҳаллӣ кӯшиш доранд, ки аз оташ раҳо ёбанд. Оташнишонҳо тавсия медиҳанд, ки сокинони маҳаллӣ дар марказҳои махсус бимонанд.

Дар маҷмӯъ, тақрибан 400 нафар сокинон аз хонаҳои худ ба ҷои амн кӯчонида шуданд.

Сӯхторро тақрибан 300 нафар оташнишонон хомӯш мекунанд. Хабарҳо ҳаст, ки зимни хомӯш кардани оташ як оташнишон маҷрӯҳ шудааст.

Сабаби сӯхтор то ҳол муайян нашудааст.

Барчаспҳо:
ҷангал, истиқоматӣ, бино, Австралия, сӯхтор

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ