11:15 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Акс

Бӯи баҳор: Душанбе дар иҳотаи гулҳои зебо - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0
  • Навдаҳои дарахтони бодом бо каме гарм шудани ҳаво мешукуфанд ва табиати Тоҷикистонро боз ҳам зебову гуворотар мекунанд
  • Дақиқан пас аз баромадани гули бойчечак, ки муждаи омадани баҳорро бозгӯ мекунад, дарахтони бодом низ гул мешукуфанд
  • Маъмулан гул кардани дарахтони бодом мобайнҳои моҳи феврал иттифоқ меафтад
  • Ин замон ҳатто парандаҳое, ки дар фасли сармо ба ҷойҳои гармтар кӯч карданд, ҳоли барнамегарданд
  • Аз ин рӯ, бодом дарахтест, ки аввали баҳор пеш аз дигар дарахтон гул мекунад ва мағзи донаки он ё бомазза мешавад ё талх
  • Пас аз гул кардани дарахти бодом, навдаҳои зардолу низ гул мекунанд
  • Аҷиб ин ки, дарахти бодом нахуст гул мекунад ва сипас баргҳо дар он пайдо мешаванд
  • Чун ин дарахт ниҳоят барвақт гул мебарорад, аз ин рӯ аввалҳои моҳи март гулҳои он пажмурда мешаванд
  • Аксар солҳо, бинобар ноустувор омадани боду ҳаво, гулҳои бодому зардолу аз ҳисоби боронгариҳо ва шамоли сахт ҳама ба замин мерезанд
  • Олимони соҳаи Ботаника бар ин назаранд, ки бодом маҳз аз Осиё ба дигар кишварҳои олам паҳн шудааст
  • Шояд ин тахмини олимон рост ҳам бошад
© Sputnik / Амир Исаев
Навдаҳои дарахтони бодом бо каме гарм шудани ҳаво мешукуфанд ва табиати Тоҷикистонро боз ҳам зебову гуворотар мекунанд

Табиати зебои Душанберо навдаҳои хушбӯи гулобию сафеди дарахтони бодом боз ҳам зеботару диданӣ мекунад

Навдаҳои дарахтони бодом бо каме гарм шудани ҳаво мешукуфанд ва табиати Тоҷикистонро боз ҳам зебову гуворотар мекунанд.

Дақиқан пас аз баромадани гули бойчечак, ки муждаи омадани баҳорро бозгӯ мекунад, дарахтони бодом низ гул мешукуфанд.

Маъмулан гул кардани дарахтони бодом мобайнҳои моҳи феврал иттифоқ меафтад. Ин замон ҳатто парандаҳое, ки дар фасли сармо ба ҷойҳои гармтар кӯч карданд, ҳоли барнамегарданд.

Аз ин рӯ, бодом дарахтест, ки аввали баҳор пеш аз дигар дарахтон гул мекунад ва мағзи донаки он ё бомазза мешавад ё талх.

Пас аз гул кардани дарахти бодом, навдаҳои зардолу низ гул мекуннад.

Аҷиб ин ки, дарахти бодом нахуст гул мекунад ва сипас баргҳо дар он пайдо мешаванд. Чун ин дарахт ниҳоят барвақт гул мебарорад, аз ин рӯ аввалҳои моҳи март гулҳои он пажмурда мешаванд.

Аксар солҳо, бинобар ноустувор омадани боду ҳаво, гулҳои бодому зардолу аз ҳисоби боронгариҳо ва шамоли сахт ҳама ба замин мерезанд.

Олимони соҳаи Ботаника бар ин назаранд, ки бодом маҳз аз Осиё ба дигар кишварҳои олам паҳн шудааст.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ