23:24 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Акс

Диди дигар: аз аксҳои кайҳонии куҳҳои Қароқурум то саҳрои Кабир

Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0
  • Акси силсилакуҳҳои Қароқурум, ки Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст
  • Ҷазираи Тупаи, ки шаклан ба дил монанд асту яке аз мавзеъҳои романтикии замин ба шумор меравад. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус бардоштааст
  • Масоҳати васеи биёбони Арабистонро доманакӯҳҳо ва тӯдаҳои бузурги рег, ки ҳоло шумо мебинед, ишғол мекунанд. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст.
  • Кӯҳи барфпӯши Фуҷияма, ки  онро кайҳонаварди Ҷопон Соити Ногути гирифтааст
  • Пекин шабона, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
  • Тӯфони регӣ, ки аз биёбони Сахара омада истодааст. Онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст.
  • Намои вулкани Этна дар Ситсилия, ки онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков акс бардоштаст
  • Яке аз нуктаҳои ҷолиби табии Австралия, сангпораи Урулу
  • Биёбони Душти Лут дар Эрон
  • Кули африқоии Чад
  • Ҷазираҳои сабз, ки истироҳатгоҳи Кабо Верде дар он ҷо ҷойгир аст
  • Нурҳои шабонаи Порис, Фаронса
  • Абрҳои нуқрагуне, ки онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
  • Намои кайҳонии  Кабо Верде, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
Акси силсилакуҳҳои Қароқурум, ки Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст

Оё шумо ягон бор дидаед, ки кӯҳи Фудзияма аз кайҳон чӣ гуна менамояд? Акнун барои ин ба шумо кайҳоннавард шудан шарт нест

Барои дидани намоҳои нуқтаҳои гуногуни Замин аз кайҳон дар асри ҷадид шарт нест, инсон кайҳоннавард бошад. Кофист, ки танҳо ба аксҳое, ки мо барои шумо интихобу ҷамъоварӣ кардаем, назар кунед.

Замин аз кайҳон ба куллӣ дигаркуна ба назар мерасад. Худи ҳамон кӯҳҳо, абрҳо, соҳилҳо ва ҷазираҳо аз фазои кайҳонӣ ғайриоддӣ ва баъзан шинохтанашавандаанд. 

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Кайҳонавардонро, ки чунин манзараҳоро мебинанд, хушбахт гуфтан мумкин аст. Ҳангоми сафар ба кайҳон, аксарияти онҳо дастгоҳҳои аксбардориро худро бо худ мегиранд, то баъдтар тамоми зебоиҳои сайёраи худро ба онҳое намоиш диҳанд, ки аз имконияти беназири дидани манзараҳои заминӣ аз кайҳон маҳруманд.

Мо дар гузориши тасвириии худ аксҳои дар замонҳои гуногун гирифтаи кайҳоннавардони Пойгоҳи байналмилалии кайҳониро ҷамъ овардем. Тамошо кунед ва лаззат баред.

Барчаспҳо:
кайҳон, Саҳрои Кабир, куҳҳо, Ҷаҳон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ