14:28 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1401

Райисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар амалиётҳои ҷангии Сурия ва Ироқ беш аз 200 шаҳрванди ҶТ бо ҷонибдорӣ аз Давлати исломӣ ширкат доранд, ба ин сабаб мо бояд бетараф набошем ва пеши роҳи ин амали номатлубро бигирем.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро "тоуни асри 21 ва хатари ҷаҳонӣ" арзёбӣ кард. Дар ин бора, ӯ рӯзи 13 декабр, аснои суханронӣ дар анҷумани XII-и  ҲХДТ иброз дошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, чӣ "Толибон"-у чӣ "Ал-қоида" ва ё "Давлати исломӣ" ҳамаи онҳо як ҳадаф доранд, мушкил дар ин аст, ки бархе аз қувваҳо онҳоро алайҳи худи мусалмонон истифода мекунанд. Аз ин рӯ мо наметавонем нисбат ба равандҳои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон бетараф бошем.

"Бар асари таъсиру пуштибонии доираҳои муайян дар баъзе манотиқи ҷаҳон нерӯҳое сар бардошта, фаъолона амал карда истодаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳон оқибатҳои фоҷиабор доранд. Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ мебошем. Яке аз онҳо давлати ба ном исломии Шому Ироқ мебошад, ки ҳомиёну сарпарастони маънавии он ҷавонони зиёдеро қариб аз 80 кишвари гуногуни олам ба доми ғаразноки худ дароварда, ба ҷангҳои бисёр даҳшатноку ҷоҳилона бар зидди худи мардуми мусулмон сафарбар карда истодаанд.Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад.Табиист, ки як қисми чунин ҷавонон минбаъд ба кишварҳои худ бармегарданд ва барои нооромиҳои иҷтимоӣ замина мегузоранд. Аз чунин ҳолат Тоҷикистони мо низ истисно нест",- гуфт ӯ.

Райисҷумҳури Тоҷикистон аз ин падидаи номатлуб изҳори нигаронӣ карда афзуд, дар амалиётҳои ҷангии Сурия ва Ироқ беш аз 200 шаҳрванди ҶТ бо ҷонибдорӣ аз Давлати исломӣ ширкат доранд, ба ин сабаб мо бояд бетараф набошем ва пеши роҳи ин равандро бигирем.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар оғози соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии Ал-Қоида ҷудо шуда, тайи як муддати кӯтоҳ ва ба таври ногаҳонӣ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард.

Ин гурӯҳ, ки ибтидо "Давлати исломии Ироқу Шом" ном дошт, баъди пешрафтҳояш дар ин ду кишвар аз азмаш барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ хабар дод ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро ҳатто "халифа" эълон кард. Бино ба як харитае, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, "хилофат"-и "Давлати исломӣ" бояд то 5 соли оянда ба тамоми қаламрави давлатҳои мусалмоннишин — аз Испанияву Саҳрои Кабир то Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Ҳинд — доман паҳн кунад. Дар ин харита тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрону Покистону Ҳинд дар як вилоят бо номи "Хуросон" тасвир шудаанд.

Барчаспҳо:
ишғол, ҷангҳо, анҷуман, Давлати исломӣ, Ал-қоида, ҲХДТ, Толибон, Эмомалӣ Раҳмон, Осиёи Марказӣ, Испания, Шом, Ироқ, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ