20:44 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Символ НАТО в Брюсселе, архивное фото

Сардори Сарситоди Украина аз НАТО ёрӣ мехоҳад

© Sputnik / Юрий Сомов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Тавре қаблан иттилоъ дода мешуд, Украина аз Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии ҷузву томҳои низомӣ ва сару либоси горди миллии он кишвар кӯмак дархост карда буд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сардори Сарситоди Украина Виктор Муженко рӯзи чоршанбе бо роҳбари кумитаи низомии НАТО масоили марбут ба тақвияти неруҳои ҳарбии он кишварро баррасӣ хоҳанд кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба суханони Виктория Кушнир, сухангӯи вазорати мудофиаи Украина.

"Имрӯз гуфтугӯи телефонии генерал Виктор Муженко, сардори Сарситод, сарфармондеҳи неруҳои хушкигарди Украина бо Кнут Бартелс, сарвари кумитаи ҳарбии НАТО баргузор мешавад. Ҷонибҳо масоили марбут ба артиши Украина ва вазъи сиёсӣ-ҳарбии кишвар, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Киеву НАТО-ро баррасӣ хоҳанд кард",- гуфт бону Кушнир.

Қаблан, Пётр Порошенко, президенти Украина низ иброз дошат буд, ки кишвараш аз созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии ҷузву томҳои низомӣ ёрӣ хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, тайи 20 соли наздик Украина имкони пайвастан ба НАТО-ро надорад.

Барчаспҳо:
пайвастан, кӯмак, ёрӣ, НАТО, Виктория Кушнир, Пётр Порошенко, Виктор Муженко, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ