14:09 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Заседание Высшего Евразийского экономического совета

Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон масоили омодагӣ ба боздиди Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ба ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон масоили марбут ба омодагии Душанбе ба сафари Нурсултон Назарбоевро баррасӣ карданд, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибай Смагуловро бо хоҳиши дипломати қазоқ ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо аснои нишаст масоили тайёрӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба бахши иқтисодиро, ки қарор аст дар Душанбе сурат пазирад, муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот атрофи масоили дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, бахусус омодагӣ ба сафари расмии президенти   Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ таъкид сохтанд.

Маврид ба ёдоварист, табодули амвол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2013 беш аз 700 миллион долларро ташкил дод. Моҳи июни соли гузашта дар форуми тиҷоратии "Қазоқистон — Тоҷикистон" мушвири вижаи президенти ҶҚ Айтҷон Айдашев гуфт, кишвараш ният дорад дар соли 2014 гардиши мол миёни ду ҷумҳуриро ба 1 миллиард доллар расонад.

Ӯ қайд кард, ки Қазоқистон пас аз Русия дуввумин кишвари ҳамкори молиявӣ аст.

Дафъаи охир Нурсултон Назарбоев моҳи сентябри соли 2014 барои ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе омада буд.

Барчаспҳо:
гардиши мол, табодули амвол, боздид, ширкат дар ҳамоиши сарони давлат, меояд, Созмони Ҳамкории Шанхай, вазорати умури хориҷа, Айтҷон Айдашев, Парвиз Давлатзода, Агибай Смагулов, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ